Пайвандҳои дастрасӣ

Молдова сафири худро аз Маскав бозхонд


Парчами давлатии Молдова дар сафоратхонаи ин кишвар дар Маскав

Вазорати умури хориҷии Молдова рӯзи 18 декабр гуфт, ки сафири Молдова дар Русияро барои муддати номуайян бозхондааст.

"Бинобар афзоиши мавридҳои таҳқир ва тарсондани мақомот ва сиёсатмадорони Молдова аз тарафи мақомоти Русия ва вокуниш нишон надодан ба шикоятҳои бамаротиби мақомоти Молдова, Вазорати умури хориҷӣ ва Ҳамоиши Аврпуо қарор кард, ки сафири кишвар дар Русия Андрей Негутаро барои муддати номуайян бозхонад",- омадааст дар изҳороти вазорати Молдова.

Ҳукумати ғарбгарои Молдова ва Русия борҳо дар соли равон дар чандин баҳс сарбасар шуданд.

Нахуствазир Павел Филип ва раиси порлумон Андриан Канду сафири Русия дар Кишинёвро даъват карданд ва ба ӯ, барои ба гуфтаи онҳо амалҳои зӯроваронаи хадамоти номаълуми истихборотии Русия алайҳи мақомоти Молдова, эътироз баён карданд.

Моҳи май Молдова панҷ дипломати Русия дар Кишинёвро "persona non grata" эълон кард.

Ҳукумати Кишинёв мегӯяд, ки мақомдорони Молдова ба хотири ҷилавгирӣ аз бозҷӯии амалиёти пулшӯии таҳти назари Русия мавриди зуроварӣ қарор гирифтанд.

Видеоҳои охирин

"Одобномаи намозгузорӣ дар масҷид" омода шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:03:30 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG