Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи ҷангиёни ДИИШ ба тамрингоҳи истихборотии Кобул


Нерӯҳои амниятии Афғонистон ва ИМА дар саҳнаи ҳамла ба тамрингоҳи истихборотӣ дар Кобул. 18 декабри соли 2017

Мақоомти Афғонистон мегӯянд, ҳамла ба маркази тамринҳои истихборотии Кобул, ки масъулияти онро гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати Исломӣ" бар дӯш гирифт, бо ҳалокати се ҳамлагар хотима ёфт. Насрат Раҳимӣ, ноиби сухангӯи Вазорати дохилии Афғонистон гуфт, ки рӯзи 18 декабр ба думболи ҳамлаи ҷангиёни ДИИШ, дар минтақаи Афшор амалиёти поккорӣ оғоз шуд.

Дар бораи хисороти ҷонии нерӯҳои амниятӣ ва аҳолии мулкӣ хабар дода нашудааст. Раҳимӣ пештар гуфт, ки ҳамлагарон ба бинои нимасохти назди тамрингоҳи оҷонсии истихборотии Хадамоти амнияти Афғонистон ворид шуданд. Ба гуфтаи сухангӯ, ҷангиён аз дохили сохтмон тамрингоҳи истихборотиро ҳадаф қарор дода, аз силоҳи сабук ва гулуландоз истифода карданд.

Дар гузашта ҳам Толибон ва ҳам гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" ҳамлаҳои маргборро дар Кобул анҷом додаанд. Аз замони хуруҷи бахши умдаи нерӯҳои НАТО дар соли 2014, ҳукумати ғарбгарои Афғонистон талош дорад ҷангиёнро саркуб кунад.

Видеоҳои охирин

Сокини Данғара дар талоши дастдарозӣ ба сайёҳи хориҷӣ гумонбар шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:43 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG