Телевизиони давлатии Эрон "эътироф"-и академики шведии эронитабор Аҳмадризо Ҷалолиро пахш кард, ки бо иттиҳоми ҷосусӣ ба марг маҳкум шудааст.
Пажуҳишгари институти Каролинскаи Стокҳолм Аҳмадризо Ҷалолӣ, рӯзи 17 декабр дар навори телевизионӣ "эътироф" кард, ки барои хадамоти истихбороти як кишвари хориҷӣ дар бораи мутахасисони соҳаи ҳастаии Эрон, ки баъдан дар суиқасд кушта шуданд, маълумот ҷамъ мекард.
Ҷалолии 46-сола моҳи апрели соли 2016 боздошт ва дертар ба ҷосусӣ муттаҳам шуд. Ӯ қаблан иттиҳомро рад карда буд.
Дар навори 17-дақиқагӣ Ҷалолӣ гуфт, ки вақте дар пажуҳишгоҳи яке аз кишварҳои Аврупо ба корҳои пажуҳишӣ машғул буд, бо номи "Томас" бо ӯ дар тамос шуд ва кор пешниҳод кард. Ҷалоли гуфт, ки он мард бо ваъдаи таъмини шаҳрвандии кишвар ӯро баъдан ба хадамоти истихборот истихдом кард.
Созмони Афви Байналмилалӣ рӯзи 12 декабр гуфт, дар ҳалномаи судии Ҷалолӣ омадааст, ки ӯ бо ҳукумати Исроил кор мекард.
Ровии барномаи телевизиони давлатии Эронгуфт, ки Ҷалолӣ барои "Моссад"-и Исроил дар бораи олими соҳаи физика Масъул Алӣ Муҳаммадӣ ва мутахасиси соҳаи ҳастаӣ Маҷид Шариарӣ, ки ҳаду ҳам дар соли 2010 дар суиқасд кушта шуданд, маълумот ҷамъ мекард. Ровӣ афзӯд,ки Ҷалолӣ дастикам 50 дафъа бо агенти эҳтимолӣ мулоқот ва дар ҳар маврид 2 ҳазор евро дарёфт кардааст.
Шведсия боздошт ва ҳукми эъдоми Ҷалолиро маҳкум кард. Созмонҳои ҳуқуқи башар низ ин ҳукумро бахше аз сиёсатҳои Эрон арзёбӣ мекунанд, ки эрониҳои дорои душаҳрвандиро боздошт ва бидуни марофиаи одилона муҷозот мекунад.