Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ мӯҳлати ҳабси 2 вакили шаҳри Истиқлолро 3-солӣ кам кард


Додгоҳи вилояти Суғд. Акс аз бойгонӣ.

Додгоҳи вилояти Суғд бозбинии кассатсионии парвандаи ду узви собиқи маҷлиси шаҳри Истиқлолро, ки барои ришвахориву қаллобӣ муҷозот шуданд, анҷом дода, аз мӯҳлати ҳабси онҳо 3-солӣ кам кард.

Як манбаи наздик ба бозбинии ин парванда аз додгоҳи вилоятӣ рӯзи 18 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бозбинии кассатсионии парвандаи онҳоро ахиран коллегия оид ба парвандаҳои ҷиноии додгоҳи вилояти Суғд бо дархости худи маҳкумшудагон анҷом дод. Ин корманди масъули додгоҳ, ки ҳаққи сӯҳбат бо матбуотро надорад, ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, "Саодат Шарифзода ва Равшан Ҳасанов танҳо аз рӯи як моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “додани пора” айбдор дониста шуданд ва аз ҷазои ҳабси онҳо 3-солӣ кам карда шуд. Нисбат ба онҳо моддаи “қаллобӣ” татбиқ нагардид."

Боз шудани парванда алайҳи ду вакили собиқи маҷлиси шаҳри Истиқлол ва ба маҳбас андохтани онҳо замони тафтиши қазия барои сокинон ва мақомоти ин шаҳр ғайричашмдошт будааст. Чунки онҳо ин ду нафарро ҳамчун шахсони хайрхоҳ ва саховатпеша мешинохтаанд.

Вале ба қавли ин манбаъ, ҷазои нафари сеюми ширкатдори ин парванда - Акбар Исмоилов, ронандаи Саодат Шарифзода - 8 соли маҳрумият аз озодӣ, бетағйир гузошта шуд. Дар бораи шонси озодии ронанда ӯ гуфт, "Исмоилов агар зарари ба сокинон расонидаашро барқарор кунад, он гоҳ додгоҳ ҷазои ӯро аз ҳабс ба ҷарима табдил ва ӯро аз ҳабс озод хоҳад кард”.

Саодат Шарифзода ва Равшан Ҳасанов, ду вакили маҷлиси шаҳри Истиқлолро моҳи октябри соли ҷорӣ додгоҳи Хуҷанд мутобиқи ду банди Кодекси ҷиноӣ - “қаллобӣ” ва “додани пора” гунаҳкор дониста, мутаносибан ба 9 ва 5,5 соли ҳабс маҳкум кард. Вале Акбар Исмоилов, ронандаи Шарифзодаро додгоҳи Хуҷанд танҳо барои “қаллобӣ” гунаҳкор ва ӯро ба 8 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум намуд. Ҳамин тавр, мутобиқи қарори додгоҳи вилоятӣ, муҳлати ҳабси Саодат Шарифзода аз 9 ба 6 ва Равшан Ҳасанов – аз 5,5 ба 2,5 соли зиндон поин оварда шуд.

Вале баъди эълони ин қарори додгоҳ вакили дифоъ ва наздикони онҳо аз баёни назари худ дар ин бора барои рӯзноманигорон худдорӣ варзиданд. Маълум нест онҳо қарори додгоҳи вилоятиро чӣ гуна қабул карданд ва оё ҷиҳати бозбинии парванда дар зинаи болоии додгоҳӣ талош хоҳанд кард ё на.

6 моҳ дар боздошт

Ин се нафарро тақрибан 6 моҳ маъмурони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар боздошт нигоҳ дошта, ду гумонбар, ба ҷуз Акбар Исмоилов дар маҳбас қарор доштанд. Тафтиши аввалияи парвандаро муфаттишони ин ниҳод анҷом додаанд.

Ба гуфтаи додгоҳ, ин афрод дар соли 2013 бо ваъдаи ба номи ду сокин хусусӣ кардани ду иншооти давлатӣ - кӯдакистон ва лагери бачагона дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, ба ҳайси миёнарав иштирок карданд. Додгоҳ гуфт, ки ин нафарон беш аз 200 ҳазор доллар пули фармоишгаронро гирифта, вале ваъдаи худро иҷро накардаанд.

Сокинони фиребхӯрда ба Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд шикоят бурданд. Шарифзода ва Ҳасанов зимни додани пора ба хотири пӯшонидани амали худ ба масъулони оҷонсии мазкур, моҳи июл дастгир шуданд.

"Худро гунаҳкор намедонем"

Вале маҳкумшудагон баъд аз эълони ҳукм гуфта буданд, ки худро гунаҳкор намедонанд ва барои бозбинии парванда ба зинаи болоии додгоҳӣ шикоят хоҳанд бурд. Равшан Ҳасанов гуфта буд, дар зимни тафтиши аввалия ва додгоҳӣ пора додани ӯро исбот накардаанд ва ӯ гуноҳ надорад.

Акбар Исмоилов, қабл аз шурӯи додгоҳ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ӯ ба қаллобӣ даст назадааст ва ҳудуди 200 ҳазор доллар маблағи сокинонро гирифта, ду иншооти давлатиро харидорӣ ва ба номи ӯ хусусӣ гардонид. Исмоилов гуфта буд, ки “ҳанӯз мақомот ин санадҳоро тасдиқ накарда буданд, ки онҳоро (Шарифзода ва Ҳасанов)-ро дастгир ва сару сомони корро гум карданд”.

Саодат Шарифзода ва Равшан Ҳасанов сокинони шаҳри Хуҷанд буда, замони боз шудани парванда ба соҳибкорӣ машғул будаанд. Равшан Ҳасанов қаблан муддате дар шаҳри Истиқлол зиста, дар онҷо хонаву дар доштааст. Аз Шарифзода ба ҳайси соҳиби мағозаи мебелфурӯшӣ дар Хуҷанд ном мебаранд. Вале ронандаи ӯ - Акбар Исмоилов дар додгоҳ “бекор” ном бурда шуд.

"Шахсони хайрхоҳ ва саховатпеша буданд"

Боз шудани парванда алайҳи ду вакили собиқи маҷлиси шаҳри Истиқлол ва ба маҳбас андохтани онҳо замони тафтиши қазия барои сокинон ва мақомоти ин шаҳр ғайричашмдошт будааст. Чунки онҳо ин ду нафарро ҳамчун шахсони хайрхоҳ ва саховатпеша мешинохтаанд.

Нисо Умарова, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар ҳукумати шаҳри Истиқлол охири ҳафтаи гузашта, ба Радиои Озодӣ гуфт: “Шарифзода ва Ҳасанов ба мардум наздик ва меҳрубон буданд ва аз сокинони камбизоат ва муҳтоҷ ёрии худро дареғ намедоштанд. Онҳо аз мо рӯйхати одамони камбизоатро гирифта, ёрии ғизоӣ мерасонданд. Дар мактабҳо ҳар гуна озмунҳо гузаронда, ба ғолибон тӯҳфаҳо медоданд.”

Тоҷикистон дар шохиси ришвахории созмони Шаффофияти Байналмилалӣ ё Транспаренси Интернешнл дар мақоми 152-юм ва дар яке аз зинаҳои поёнӣ қарор дорад. Ба гуфтаи масъулони ин созмон, далелҳо нишон медиҳанд, ки “ришвахорӣ дар Тоҷикистон васеъ паҳн шудааст ва дар тамоми сатҳҳои ҷомеа вуҷуд дорад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG