Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Хуҷанд ду вакили собиқи маҷлиси шаҳри Истиқлол (Табошари пештара) ва як шарики онҳоро барои "қаллобӣ" ва "додани пора", равонаи зиндон кард. Саодат Шарифзода ва Равшан Ҳасанов, ду вакили маҷлиси шаҳри Истиқлол мутобиқи ду банди Кодекси ҷиноӣ - "қаллобӣ" ва "додани пора", мутаносибан ба 9 ва 5,6 солӣ маҳкум шуданд. Ин масъулин дар муомилоти ғарйиоқонунӣ бо иншооти давлатӣ гунаҳгор дониста шуданд.

Ду вакили собиқ ва як ронанда дар пушти панҷараи зиндон

Додгоҳ ҳар ду вакили собиқро инчунин аз ҳаққи ишғоли мансабҳои давлатӣ дар тӯли 3 соли баъди адои ҷазо маҳрум намуд. Додгоҳ Акбар Исмоилов, ронандаи пешини Шарифзодаро борои "қаллобӣ" гунаҳкор донист ва барои 8 сол аз озодӣ маҳрум кард. Акбар Исмоилов ҳамзамон муваззаф шуд, ки маблағи 85 ҳазор долларро ба давлат бозгардонад.

Тибқи маълумоти созмонҳои байналмилалӣ, ришвахорӣ дар Тоҷикистон васеъ паҳн шудааст ва дар тамоми сатҳҳои ҷомеа вуҷуд дорад.

Акмал Савридинзода, додраси додгоҳи Хуҷанд ва масъули баррасии ин парванда гуфт, ки айбҳои ин афрод бо далелҳо исбот гардид ва додгоҳ онҳоро гунаҳкор медонад. Ба гуфтаи додгоҳ, ин афрод дар соли 2013 бо ваъдаи ба номи ду сокин хусусӣ гардонидани ду иншооти давлатӣ -- кӯдакистон ва лагери бачагона дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, ба ҳайси миёнарав ҳудуди 200 ҳазор доллари онҳоро гирифта, вале ваъдаи худро иҷро накардаанд.

Дар пай сокинони фиребхӯрда ба Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд шикоят бурданд. Шарифзода ва Ҳасанов зимни додани пора ба хотири пӯшонидани амали худ ба масъулони оҷонсии мазкур моҳи июл дастгир мешаванд. Тафтиши аввалияи парвандаро муфаттишони ин ниҳод анҷом додаанд.

Маҳкумшудаҳо: "Гунаҳкор нестем"

Вале маҳкумшудагон баъд аз эълони ҳукм гуфтанд, ки худро гунаҳкор намедонанд ва барои бозбинии парванда ба зинаи болоии додгоҳӣ шикоят хоҳанд бурд. Равшан Ҳасанов гуфт, зимни тафтиши аввалия пора додани ӯ исбот нашуд ва ӯ гуноҳ надорад.

Акбар Исмоилов, қабл аз шурӯи додгоҳ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ба қаллобӣ даст назадааст ва воқеан ҳудуди 200 ҳазор доллар маблағи сокинонро гирифта, ду иншооти давлатиро харидорӣ кард ва ба номи ӯ хусусӣ шуданд. “Вале ҳанӯз мақомот инро тасдиқ (расмӣ) накарда буданд, ки онҳоро (Шарифзода ва Ҳасанов)-ро дастгир ва сару сомони корро гум карданд”, – гуфт вай.

Мурофиаи бе ҳузури хабарнигорон

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба муҳокимаи ду вакили собиқи маҷлиси шаҳри Истиқлол (Табошаҳри пешин) Содат Шарифзода ва Равшан Ҳасанов дар моҳи сентябр оғоз кард. Ин парванда таваҷҷӯҳи зиёди сокинони маҳаллӣ ва хабарнигоронро ба худ ҷалб кард, чунки ҳодисаҳои ба ҷавобгарӣ кашида шудани мақомоти масъул ҳодисаи нодир аст.

Гумонбарон тақрибан 4 моҳи қабл аз тарафи маъмурони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дастгир шуда, дар ҳабс қарор доранд. Ин мурофиа боз буд, вале ба рӯзноманигорон иҷозаи сабт ва аксу наворгирӣ надоданд.

Саодат Шарифзода ва Равшан Ҳасанов сокинони шаҳри Хуҷанд буда, замони боз шудани парванда ба соҳибкорӣ машғул будаанд. Равшан Ҳасанов қаблан муддате дар шаҳри Истиқлол зиста, дар онҷо хонаву дар доштааст. Аз Шарифзода ба ҳайси соҳиби мағозаи мебелфурӯшӣ дар Хуҷанд ном мебаранд. Вале ронандаи ӯ - Акбар Исмоилов дар додгоҳ “бекор” ном бурда шуд.

Cаодат Шарифзода ва Равшан Ҳасанов баъд аз эълони ҳукми додгоҳ хаста ба назар мерасиданд. Ҳасанов баъди эълони ҳукм талош кард иҷозаи сӯҳбат бо хабарнигоронро ба даст орад, вале раиси мурофиа иҷоза надод. Чунин ба назар мерасид, ки Акбар Исмоилов шояд интизор надошт, ки аз толор ӯро ба ҳабс ва он ҳам барои мӯҳлати тӯлонӣ (8 сол) мефиристанд.

"Ҳар ду шахсони хайрхоҳ буданд"

Боз шудани парванда алайҳи ду вакили собиқи маҷлиси шаҳри Истиқлол ва ба маҳбас андохтани онҳо замони тафтиши қазия барои сокинон ва мақомоти ин шаҳр ғайричашмдошт будааст. Чунки онҳо ин ду нафарро ҳамчун шахсони "хайрхоҳ ва саховатпеша" мешинохтаанд.

Нисо Умарова, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар ҳукумати шаҳри Истиқлол, охири ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт: “Шарифзода ва Ҳасанов ба мардум наздик ва меҳрубон буданд ва аз сокинони камбизоат ва мӯҳтоҷ ёрии худро дареғ намедоштанд. Онҳо аз мо рӯйхати одамони камбизоатро гирифта, ёрии ғизоӣ мерасонданд. Дар мактабҳо ҳар гуна озмунҳо гузаронда, ба ғолибон тӯҳфаҳо медоданд.”

Тоҷикистон дар шохиси ришвахории созмони Шаффофияти Байналмилалӣ ё Транспаренси Интернешнл дар мақоми 152-юм ва дар яке аз зинаҳои поёнӣ қарор дорад. Ба гуфтаи масъулони ин созмон, далелҳо нишон медиҳанд, ки “ришвахорӣ дар Тоҷикистон васеъ паҳн шудааст ва дар тамоми сатҳҳои ҷомеа вуҷуд дорад”.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG