Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси 200 000 сомонӣ “пора”-и Анвар Ҳасанов дар додгоҳ


Бинои Додгоҳи шаҳри Хуҷанд

Парвандаи Анвар Ҳасанов, раиси Коллегияи адвокатҳои шаҳри Хуҷанд, барои муҳокима ба додгоҳи маркази вилояти Суғд фиристода шудааст.

Мақомоти Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 16-уми декабр гуфтанд, ки Ҳасанов барои гирифтани 200 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз 20 ҳазор доллар, “пора” муттаҳам аст.

То ба ҳол наздикони Анвар Ҳасанов дар робита ба ин қазия изҳори назар накардаанд.

Аммо дар иттилоияи расмии Оҷонси зиддифасод гуфта шудааст, ки раиси Коллегияи адвокатҳои Хуҷанд гӯё 200 ҳазор сомониро аз роҳи фиреб гирифтааст. “Ӯ ба боварии шаҳрванд “А” даромада, бо баҳонаи тавассути шиносҳояш аз моддаи 319 ба моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бандубаст намудани кирдори бародараш, ин миқдор маблағро дар се ҳолат гирифтааст”, - омадааст дар иттилоия.

Парвандаи Анвар Ҳасанов аз рӯи моддаи 247, қисми 4 банди “б”-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Соли гузашта дар пайи имтиҳони Вазорати адлияи Тоҷикистон тақрибан якуним ҳазор вакили дифоъ ҳаққи фаъолият дар кишварро аз даст доданд. Ҳоло тақрибан 600 нафар мақоми вакили мудофеъро соҳиб шуда, ҳуқуқи ҳамчун адвокат дар Тоҷикистон фаъолият намуданро доранд.

То қабули ин қонун дар Тоҷикистон 8 коллегияи адвокатҳо ва ҳудуди 2 ҳазор адвокат ё вакили дифоъ фаъолият мекарданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG