Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВАО: 300 варзишгари Русия ба истифодаи допинг гумонбар шудаанд


SOUTH KOREA -- Russian national flag is hoisted at the main stadium of the 2018 PyeongChang Winter Olympics of the host city, east of Seoul, December 7, 2017

Созмони ҷаҳонии зиддидопинг -WADA номи 300 варзишгари фаъоли Русияро, ки ба истифодаи допинг гумонбар шудаанд, ба федертасияҳои варзишӣ фиристод. Дар ин бора нашрияи Inside the Games рӯзи 14 декабр бо ишора ба манобеи худ хабар дод.

Ба маълумоти нашрия, ба рӯйхати варзишгарони гумонбар намояндагони бозиҳои навъи тобистона ва зимистона шомил шудаанд. Баъзеи онҳо эҳтимол дар бозиҳои зимистонаи Олимпии соли 2018 дар Кореяи Ҷанубӣ иштирок мекунанд.

Биноба иттилои пешакӣ, ин варзишгарон солҳои 2012-2015 аз санҷиши допинг гузаштанд ва натиҷа мусбат буд. Аммо баъдан натиҷаи ташхис гӯё ба "манфӣ" иваз шуд.

Inside the Games мегӯяд, ки WADA ин маълумотро аз бонки иттилоотии озмоишгоҳи зиддидопингии Маскав дарёфт кард. Григорий Родченков, нафаре, ки раҳбари озмоишгоҳ буд, ба Ийолоти Муттаҳида фирор кард. Камиссиюни мустақили WADA соли 2015 гузориши худро дар бораи пуштибонии давлатии истифодаи допинг дар соҳаи варзиши Русия, бар поияи нишондодҳои Родченко омода кард.

Рӯзи 5 декабр Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ тими Русияро аз иштирок дар бозиҳои зимистонаи Олимпӣ дар Пхёнчхан маҳрум кард. Кумитаи Байналмилаии Олимпӣ дар асоси ду таҳқиқот ба қароре расид, ки Кремл сохтори истифодаи допингро ташкил кард ва таҳқиқот инро собит намуд.

Варзишгароне, ки аз допинг пок будани худро собит карданд, метавонанд зери парчамҳои бетараф дар бозиҳо иштирок кунанд. Дертар Кумитаи Олимпии Русия иштироки варзишгаронаш дар зери парчами дигаронро тасдиқ кард.

Видеоҳои охирин

Маоши паст ва нархҳои баланди Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:32 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG