Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

MSF: Дар Мянмар 6 700 мусалмони Роҳинҷа дар як моҳ кушта шуд


Паноҳандагони Роҳинҷа дар Бангладеш
Паноҳандагони Роҳинҷа дар Бангладеш

Созмони Табибони бидуни марз мегӯяд, ки дастикам 6 ҳазору 700 мусалмони Роҳинҷа баъди моҳи аввали оғози хушунатҳо дар Мянмар кушта шуданд.

Ин гурӯҳ рӯзи 14-уми декабр гуфт, ки бино ба ҳисоби онҳо аз 25-уми август то 24-уми сентябр дар Мянмар дастикам 9 ҳазор мусалмони Роҳинҷа ба ҳалокат расид.

“Аз рӯи баровардаҳои муҳофизакорона низ марги дастикам 6 ҳазору 700 нафар, бо шумули 730 кӯдаки аз панҷсола поён, дар пайи хушунатҳо ба бор омдадааст”, - гуфта мешавад дар изҳороти Табибони бидуни марз.

Бар пояи назарсанҷии паноҳандагони Роҳинҷа дар Бангладеш, теъдоди кушташудаҳо бештар аз 400 нафарест, ки мақомоти Мянмар эълон кардаанд. Нирӯҳои низомии Мянмар мегӯянд, ки аксари кушташудаҳо террорист буданд.

Гурӯҳи Табибони бидуни марз мегӯяд, 69 дарсади кушторҳо аз тирандозӣ ба бор омадааст.

“Ҳадаф қарор гирифтани Роҳинҷаҳо баёнгари рӯшани хушунати густардаи мақомоти Мянмар аст”, - хулоса кардааст гурӯҳи Табибони бидуни марз.

XS
SM
MD
LG