Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Думаи давлатии Русия ҷаримаи нақзи қонуни "мессенҷерҳо"-ро тасдиқ кард


Нишасти порлумони Русия
Нишасти порлумони Русия

Намояндагони Думаи давлатии Русия тараҳеро қабул карданд, ки барои нақзи қонуни "мессченҷерҳо" то 2 миллион рубл ҷарима муайян кардааст. Дар ин санад гуфта шудааст, ки ҷаримаи ҳади аксар барои шаҳрвандон то 5 ҳазор ва барои мансабдорон то 50 ҳазор рубл аст. Ҷарими миллион рубл аз шахсони ҳуқуқӣ ситонида мешавад,- гуфт хабаргузории ТАСС рӯзи 13 декабр.

Қонуни "мессенҷерҳо", ё паёмрасонҳои интернетӣ, ки президенти Русия Владимир Путин онро тобистони соли равон имзо кард, маъмурияти хадамоти интернет ва мобилро муваззаф мекунад, ки ҳуввияти корбарро аз рӯи рақами телефонаш маълум кунанд. Бар поияи ин санад идораҳои босалоҳият ва судии Русия метавонанд дастраси ба паёмрасонҳоро маҳдуд кунанд. Санад рӯзи 1 январи соли 2018 ҳукми қонунро мегирад.

Фаъолони ҷамъияти талаб доранд, ки қонуни "мессенҷерҳо" ва қонунҳои дигар маҳдудкунандаи интернет лағв шаванд. Моҳи август бо ин талаб дар якчанд шаҳри Русия тазоҳурот баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG