Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CPJ: Теъдоди хабарнигорони зиндонӣ боз рекорди нав гузошт


CPJ
CPJ

Кумитаи ҳимояи хабарнигорон мегӯяд, ки теъдоди рӯзноманигорони зиндонӣ боз як рекорди дигар гузошт ва "нокомии ҷомеаи ҷаҳониро дар баробари ҳалли бӯҳрони озодии баён" нишон дод.

Ин созмони мақараш дар Ню Йорк, дар пажуҳиши солонааш дар бораи хабарнигорони зиндонӣ, ки рӯзи 13 декабр пахш шуд гуфт, ки 262 журналист дар саросари ҷаҳон барои фаъолиятҳои касбиашон дар паси миллаҳои зиндон қарор доранд. Соли гузашта 259 рӯзноманигор дар зиндон буд.

Ин рақам танҳо хабарнигоронеро дар бар мегирад, ки то 1 декабр дар боздоштгоҳҳои давлатӣ қарор доранд ва онҳоеро, ки дар ҷараёни сол зиндонӣ ва баъд озод шудаанд, онҳоеро, ки нопадид шудаанд, ё дар боздошти гурӯҳҳои ғайриҳукуматӣ қарор доранд, ба ҳисоб нагирифтааст.

Ба гуфтаи CPJ соли дуввум аст, ки ними хабарнигорони зиндонишуда барои фаъолиятҳои кориашон, ба Туркия, Чин ва Миср рост меояд, ки масъулияти боздошт ва ҳукми 134 журналистро бар дӯш доранд. Туркия баъди кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар соли 2016, 73 хабарнигорро дар паси миллаҳои зиндон ҷой кард.

CPJ Амрико ва қудрадтҳои дигар Ғарбиро интиқод кардааст, ки барои беҳтар кардани фазои тира натавонистаанд ба ин се кишвар фишор биёварад.

Ба рӯйхати кишварҳое, ки дар садри давлатаҳои маҳбускунандаи хабарнигорон қарор доранд, Озарбойҷон бо 10 журналист, Русияву Эрон бо панҷ, чаҳор нафар дар Узбакистон ва ду нафар дар Қазоқстону Покистон, шомил шудаанд. Теъдоди хабарнигорони зиндонӣ дар Қирғизистон, Украина ва Туркманистон як нафарӣ дар ҳар кишвар гуфта шудааст.

XS
SM
MD
LG