Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Террористи Ню-Йорк қабл аз таркиш ба Трамп паём дод


Сарбози пулиси ИМА дар саҳнаи таркиши рӯзи 12-уми декабр дар истгоҳи автобусҳои Ню-Йорк

Акейд Улла, гумонбари ҳамлаи террористии рӯзи 11-уми декабр дар терминали автобусҳои Ню-Йорк, пеш аз анҷоми амали террористӣ дар Фейсбук ба Доналд Трамп пайғом гузошт, ки “ту натавонистӣ мамлакатро ҳимоя кунӣ”.

Ин пайғом рӯзи 12-уми декабр, ҳангоми эълони айбномаи Акейд Улла, ба парвандаи ҷиноӣ илова шуд.

Марди 27- солаи бангладешӣ аз рӯи чанд банди қонун - пуштибонии молии созмонҳои террористӣ, истифодаи силоҳи қатли ом ва ташкили инфиҷор дар макони ҷамъиятӣ айбдор шуд.

Акейд Улла дастгоҳи худсохти таркандаро дар терминали автобусҳои Идораи бандарии Ню-Йорк, воқеъ дар қисмати шарқии Манҳэттен ба кор даровард. Аз таркиш худи Улла маҷрӯҳ шуд ва чаҳор раҳгузари дигар захмҳои сабук бардоштанд.

Видеоҳои охирин

Раҳим Масов даргузашт
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:49 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG