Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларза қасмати ғарбии Эронро такон дод


Ҳангоми заминларза эрониҳо аз хонаву идораҳо берун омаданд.
Ҳангоми заминларза эрониҳо аз хонаву идораҳо берун омаданд.

Бино ба хабарҳои матбуоти Эрон монотиқи ғарбии кишвар - ҳаммарз бо Ироқ аз заминларза такон хурд.

Матбуоти давлатӣ гуфт, ки нерӯи зилзила дар маркази он каме бештар аз 5 бали ҷадвали Рихтер буд.

Моҳи гузашта заминларзаи беш аз 7-балӣ дар ҳамин минтақа 600 нафарро кушта ба ҷой гузошт.

Ба гуфтаи матбуоти давлатӣ маркази зилилаи рӯзи 11 декабр шаҳри Езгеле буд, аммо такони замин дар Кирмоншоҳ ва шаҳрҳои бузурги артроф эҳсос шуд.

Дар бораи хисороти ҷонӣ ва харобиҳо гузориш нашудааст.

Эрон аз кишварҳои зилзилахез буда, соли 2003 заминларзаи 6,6 балӣ шаҳри таърихии Бамро хароб ва 26 ҳазор инсонро қурбон кард.

XS
SM
MD
LG