Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кинотеатрҳо ба Арабистони Саудӣ бармегарданд


Шоҳзодаи валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон

Баъд аз мамнӯияти 85-сола кишвари муҳофизакори Арабистони Саудӣ дари кинотеатрҳоро дубора ба рӯи тамошобинон боз мекунад.

Фаъолияти аввалин кинотеатрҳо моҳи марти соли 2018 оғоз мешавад. "Дар ин бора шоҳзодаи валиаҳди Саудӣ Муҳаммад бин Салмон қарор қабул кард", - навишт хабаргузории Associated Press рӯзи 11-уми декабр.

Интизор меравад, то соли 2030 беш аз 300 кинотеатр дар Арабистони Саудӣ фаъол шавад. Бино ба пешгӯиҳои ҳукумат, рушди соҳаи синамо 24 миллиард доллар ҳазина дорад ва 30 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад. Ҳоло маълум нест, ки дар ин тамошогоҳҳо ҷойи нишасти мардону занон ҷудо хоҳад буд, ё хайр. Масъалаи сензураи филмҳо низ ҳоло мушаххас нест.

Намоиши оммавии филмҳо дар Арабистони Саудӣ соли 1980 бо фишори тундравони исломӣ мамнӯъ шуд. Он замон шахсиятҳои мазҳабӣ тамошои филмҳоро гуноҳ эълон карданд. Бисёре аз саудиҳо барои тамошои филмҳо ба кишварҳои ҳамсоя мерафтанд.

Чанд моҳ аст, ки дар Арабистони Саудӣ ислоҳот ҷараён дорад ва ин дигаргуниҳо бо дастури валиаҳди ҷавон Муҳаммад бин Салмон амалӣ мешаванд. Моҳи октябр ба занҳо иҷозат шуд, ки ронандагӣ кунанд ва дар танҳоӣ ба маконҳои ҷамъиятӣ раванд.

Ба ҷуз ин, баргузории намоишҳои консертӣ ва тафреҳӣ низ иҷозат шудааст. Ба гуфтаи мақомот ин ислоҳот танавои иқтисоди кишварро, ки танҳо ба нафт вобаста аст, таъмин мекунад.

Видеоҳои охирин

Сӯхтор дар корхонаи Владикавказ боиси фавти як нафар шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:47 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG