Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати додраси тоҷик баъди афтодан аз ошёнаи чаҳорум


Раҳмат Исматзода. Акс аз вебсайти Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон
Раҳмат Исматзода. Акс аз вебсайти Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон

Раҳмат Исматзода, додраси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон, аз ошёнаи чаҳоруми биное, ки дар онҷо зиндагӣ дошт, сарозер шуда, ба ҳалокат расидааст. Ҳодиса шаби 9-уми декабр дар маҳаллаи 33-юми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рух дод.

Як манбаъ дар Идораи умури дохилии ноҳияи Синои пойтахт рӯзи 11-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, Раҳмат Исматзода он бегоҳ калиди хонаашро фаромӯш карда буд ва мехост, тавассути тиреза вориди манзили зист шавад. “Аммо ба поён афтода, бо сараш ба замин бархӯрдааст. Ӯ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - гуфт мусоҳиби мо.

Раҳмат Исматзода 54 сол дошта, солҳои тӯлонӣ дар вазифаи додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон кор кардааст.

Соли 2015 мӯҳлати панҷсолаи кори ӯ дар Додгоҳи олии иқтисодӣ хатм шуда буд, вале онро барои панҷ соли дигар тамдид карданд. Ҳоло тасмим аст, ки бинобар даргузашт бо фармони раиси ҷумҳур мақомаш бекор шавад.

Имсол ин дувумин мавриди ҳалокати додрасҳои баландпоя дар ҳодисаҳои тасодуфӣ ҳаст. Моҳи октябри имсол Хуршед Розиқзода, раиси Додгоҳи ноҳияи Рашт бар асари садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расида буд.

XS
SM
MD
LG