Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзноманигори Франс Пресс аз ҳаққи вуруд ба Қирғизистон маҳрум шуд


Фурӯдгоҳи Манаси Бишкек

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон вуруди хабарнигори хабаргузории Франс Пресс, шаҳрванди Бритониё Крис Риклтонро ба Қирғизистон манъ кард. Намояндаи КДАМ Роҳат Сулаймонов рӯзи 11 декабр гуфт, ин рӯзноманигор ба далели вайрон кардани талаботи раводид аз ҳаққи вуруд маҳрум шудааст.

Ҳоло дақиқ нест, ки оё Риклтон аз Қирғизистон ихроҷ шудааст ва ё дар боздоштгоҳ нигаҳ дошта мешавад.

Крис Риклтон рӯзи шанбеи 9 декабр дар фурудгоҳи "Манас"-и шаҳри Бишкек боздошт шуд. Ӯ дар саҳифаи Фейсбук навишт, ки мунтазири ихроҷ ба кишварест, ки аз онҷо ба Қирғизистон ворид шудааст. Крис Риклтон ҳамроҳ бо ҳамсар ва фарзандаш ҳафт соли охир дар Бишкек зиндагӣ мекард. Ӯ ҳамчунин дар Донишгоҳи амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Бишкек бунёд шудааст, дарс медиҳад.

"Маро ҳангоми тафтиши шиноснома боз доштанд. Онҳо гуфтанд, ки ман боғоҷамро бигирам. Баъди гирифтани боғоҷ маро дубора ба нуқтаи тафтиши шиноснома оварданд. Тақрибан баъди ним соат хабар доданд, ки вуруди ман ба Қирғизистон манъ аст. Баъди он маро ба толори парвози мусофирон оварданд, ки ҳавопаймо омодаи парвоз ба Дубай буд. Касе шарҳ надод, ки чаро маро ихроҷ мекунанд. Ман низ наметавонам инро шарҳ диҳам", - навишт Риклтон.

Дӯсти хабарнигор Бектур Искандар мегӯяд, ки Риклтон бори аввал дар соли 2008 ба Қирғизистон омад. Сар аз соли 2010 ӯ дар Бишкек зиндагӣ мекунад. Аз соли 2015 ба ин сӯ бо хабаргузории Франс Пресс ҳамкорӣ дорад.

Видеоҳои охирин

Акнун кадуи рекордӣ 645 килограмм вазн дорад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:34 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG