Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон ният дорад, бо истифода аз ҳавопаймои нави худ, ки бояд дар оғози соли 2018 вориди кишвар шавад, парвоз аз Душанбе то ба Амрикоро роҳандозӣ кунад.
Тимур Бандишоев, сухангӯи “Сомон Эйр”, рӯзи 9-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ширкат ба узвияти созмони байналмилалии ҳавонавардӣ пазируфта шуд ва ҳақ дорад ба кишварҳои мухталиф ба мусофиркашонӣ машғул шавад. Ӯ афзуд, "метавонем на танҳо то ба Аврупо ва кишварҳои дури Осиё парвоз кунем, балки ҳақ дорем мусофиронро ба қораи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ низ интиқол диҳем”.
Бандишоев афзуд, ба ин мақсад раҳбарияти “Сомон Эйр” ба ширкати “Боинг” барои харидории як ҳавопаймои навъи “Boeing 787 Dreamliner” супориш додааст. Ба қавли ӯ, ин ҳавопаймо дар семоҳаи аввали соли оянда вориди Тоҷикистон хоҳад шуд.
"Ғунҷоиши ин ҳавопаймо то 330 нафар аст ва метавонад, ба масофаи дур парвоз кунад. Раҳбарияти “Сомон Эйр” ният дорад, бо истифода аз ин ҳавопаймо парвозҳо ба масирҳои наву дурдастро роҳандозӣ кунад", - афзуд ӯ.
Аммо сухангӯи ширкат нагуфт, ки ин ҳавопаймо чӣ қадар қимат дорад ва шарти харидории он чи гуна аст.
Феълан ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон 6 ҳавопаймои навъи гуногуни “Боинг”-ро дар ихтиёр дорад. Ҳавопаймоҳои ин ширкат ба Русияву Франкфурт ва Истанбул парво анҷом медиҳанд.
Ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” расман 5 ҳавопаймо дорад.