Аксари демократҳо дар палатаи поёнии Конгресси Амрико бо ҷумҳурихоҳон муттаҳид шуда, қатънома дар бораи эълони нобоварӣ ба президент Доналд Трампро рад карданд.
Роҳбарияти Ҳизби демократӣ ин талошро ҳамчун "худсарӣ" ва сарфи беҳудаи вақт номид, зеро дар порлумон дар ҳоли ҳозир аксарияти вакилонро ҷумҳурихоҳон ташкил медиҳанд.
Сарфи назар аз ин, 58 демократ ба қатънома раъйи мусбат, вале 364 вакил зидди он овоз дод.
Қатънома дар бораи манъи пеш аз муҳлати салоҳиятҳои Трампро вакили порлумони Амрико Ал Грин пешниҳод кард. Ин вакил мехост, ҳанӯз дар моҳи октябр қатъномаро пешниҳод кунад, аммо ҳамкоронаш монеъ шуданд. Ба гуфтаи Гран, Трамп ба ҷомеаи Амрико зиёни бузург мерасонад. "Ӯ - нажодпараст буда, дар миёни мардум ҳисси бадбинӣ эҷод мекунад, бо рафторҳояш обрӯи президентиро хатчадор кард ва аз ин хотир бояд аз мақом барканор шавад", - мегӯяд вакил.
Кохи сафед бо нашри як изҳорот Грин ва ҷонибдоронашро "тундгароҳо" -е номид, ки намехоҳанд "пирӯзии Трампро дар интихоботи соли гузашта" эътироф кунанд.