Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Украина Саакашвилиро таҳти пайгард қарор дод


Михаил Саакашвилӣ дар байни тазоҳургарон
Михаил Саакашвилӣ дар байни тазоҳургарон

Михаил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳури пешини Гурҷистон ва волии собиқи Одесса, бозпурсӣ аз рӯи қазияи кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Украинаро рад кард. Дар ин бора нашрияи "Украинская правда" рӯзи 6-уми декабр хабар дод.

Ӯ гуфтааст, “ман ба назди ягон додситони дуруғгӯй намеравам. Ӯ бесавод, духон ва ғайриқонунӣ аст. Ман ӯро додситони кулл эътроф намекунам”. Саакашвилӣ афзуд, омодааст бо муфаттишон дар хаймаи эътирозгарон мулоқот кунад.

Субҳи чаҳоршанбе додситони кулли Украина Юрий Лутсенко ҳангоми суханронӣ дар порлумони кишвар мақоми Михаил Саакашвилиро шахси “дар ҳоли фирор” эълон кард. Ба гуфтаи додситон, сиёсатмадор бо ин амали худ имкони ҳабси хонагиро аз даст дод.

Мақомоти Украина Михаил Саакашвилиро ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ айбдор карда, мегӯянд, ӯ барои тазоҳурот дар Украина аз олигарх Сергей Курченко, як фарди наздик ба президенти пешин Виктор Янукович, ним миллион доллар гирифтааст.

Худи Саакашвилӣ боздошташро ҳангома номида, мақомоту хадамоти махсуси Украинаро ба ҳамкорӣ бо Кремл айбдор ва ба сарнагун кардни ҳукумати президент Петр Порошенко даъват намуд.

XS
SM
MD
LG