Хадамоти амнияти Бритониё ду нафарро бо гумони омода кардани сӯиқасд ба ҷони нахуствазир Тереза Мэй боздошт кард. Дар ин бора нашрияи The Independent рӯзи 6-уми декабр бо такя ба Эндрю Паркер - раҳбари хадамоти амнияти Бритониё - MI-5 гузориш дод.
Нашрия мегӯяд, боздоштшудаҳо шаҳрвандони Бритониё мебошанд. Яке аз онҳо Муҳаммад Имрон муаррифӣ шудааст, ки 21 сол дорад.
Дувумӣ Наимур Раҳмонӣ 20-сола будааст. Гуфта мешавад, ки онҳо мехостанд дар даромадгоҳи идораи нахуствазир маводи тарканда гузоранд ва баъдан бо корд ба ӯ ҳамла кунанд. Чораҳои амниятӣ дар атрофи дафтари нахуствазир тақвият ёфтаанд.
Пулис ин ду нафарро боздошт кард, аммо робитаи онҳоро бо тарҳрезии ҳамла ба Мэй шарҳ надод.
Шабакаи телевизионии Sky News хабар дод, ки боздоштшудаҳо бо тундравони исломӣ робита доранд. Ин шабака рӯзи 5-уми декабр гуфт, ки аз оғози сол MI-5 нӯҳ амали террористиро хунсо кардааст. Аммо сарфи назар аз тақвияти чораҳои амниятӣ, дар Бритониё панҷ амали террористӣ ба вуқӯъ пайваст ва беш аз 30 нафар ба ҳалокат расид.