Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мюллер аз Deutsche Bank маблумоти ҳисобҳои Трампро дархост кард


Мушовири вежа Роберт Мюллер

Мушовири вежаи қазияи дахолати Русия ба умури интихоботи соли 2016-и ИМА Роберт Мюллер аз Deutsche Bank - и Олмон дар бораи ҳисобҳои бонкии президент Трамп ва аъзои оилаи ӯ маълумот хост. Трамп барои тарҳҳои бузург борҳо аз ин бонк қарзҳои умда дарёфт кардааст.

Мюллер дар қазияи дахолати Русия ба интихобот, эҳтимоли созиши байни намояндагони Трамп ва Русияро таҳқиқ мекунад. Хабаргузории Reuters рӯзи 5 декабр гуфт, ки дархости Мюллер дар бораи амалиётҳои бонкии Трамп чанд ҳафта пеш ба Deutsche Bank расид.

Deutsche Bank, ки баро тарҳҳои соҳаи амлок ба ширкати Trump organization садҳо миллион доллар қарз додааст, гуфт, ки дар бораи муштариҳояш маълумот намедиҳад. Ин бонки олмонӣ моҳи июн, бо ишора ба қонун дар бораи масунияти зиндагии хусусӣ, дархости демократҳои Конгресси ИМА, оиди маълумот дар бораи дороиҳои Трампро рад кард.

Биноба маълумоти "Садои Амрико" Deutsche Bank моҳи январи соли 2017 барои муомилоти тақаллубӣ ба маблағи 10 миллиард доллар, ки эҳтимол барои пулшӯӣ аз Русия истифода шудааст, 630 миллион ҷарима супурд.

Видеоҳои охирин

Акси садо ба паём аз Ироқ. Хешовандони Марям дар Тоҷикистон пайдо шуданд
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:02:32 0:00

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG