Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Тоҷикистон рӯзи 6 декабр ба баррасии лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ пардохт, ки бар пояи он омилони сӯхтор аз ин ба баъд муҷозоти ҷиноӣ хоҳанд шуд.

Дар иҷлосияи имрӯзи Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон баррасии лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ аз ҷониби вакилон ҷараён дорад.

Ба гуфтаи вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон тибқи лоиҳаи ҷадиди тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ аз ин баъд омилони сухтор тибқи ин қонун муҷозот хоҳанд шуд.

Ин дар ҳолест, ки то кунун омилони сухторҳо дар Тоҷикистон дар чорчуби Кодекси маъмурӣ танҳо бо пардохти ҷарима муҷозот мешуданд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз толори Маҷлиси Намяондагон, палатаи поёнии порлумон иттилоъ медиҳад, ки дар иҷлосияи рӯзи 6 декабр ҳамчунин лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонун дар бораи “Озодиҳои виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” баррасӣ мешавад.

Инчунин ба баррасии вакилон созишномаи ҳамкорӣ дар лоиҳаи сохтмони роҳи “Кӯлоб-Қалъаи Хумб” низ вогузор шудааст. Ин қитъаи роҳ бо сармоягузории ҷонии Саъудӣ, Бунёди ОПЕК ва дигарон бунёд мешавад.

Видеоҳои охирин

Бархӯрди мотосиклҳо ҳангоми ҷашни Рӯзи Бастилия дар Фаронса
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:32 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG