Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ведомости": Артиши Русия дар 3 сол 2642 низомиро аз даст додааст


Аз соли 2012 то соли 2015 дар артиши Русия 2 ҳазору 642 нафар фавтидаанд. Ин иттилоъро нашрияи "Ведомости" рӯзи 4-уми декабр дар асноди Вазорати дифои Русия дар бораи бимаи низомиён мушоҳида кардааст. Худи вазорат аз соли 2010 ба ин тараф иттилоъ дар бораи маргу мири сарбозонашро нашр намекунад.

Низомиёни рус аз ҳама бештар - 790 нафар - дар соли 2014, замоне, ки ба гуфтаи Киев ва кишварҳои Ғарб, артиши Русия дар ҷангҳои шарқи Украина ба ҷонибдорӣ аз ҷудоихоҳони "ҷумҳуриҳои худхондаи мардумӣ"-и Донетск ва Луҳангск иштирок кард, ҷон додаанд.

Ба ҳисоби Киев, ҷамъан дар ҷангҳои Донбасс наздики 5 ҳазор низомии Русия иштирок доранд. Кремл ин иддаоро рад карда, шаҳрвандони зиёди Русияро, ки дар шарқи Украина боздошт шудаанд, "ихтиёриён" меномад.

Русия аз моҳи сентябри соли 2015 дар Сурия амалиёти низомӣ мегузаронад. Маълумоти расмӣ дар бораи маргу мири сарбозони рус дар ин давра вуҷуд надорад. Вале ба иттилои расонаҳо, тайи як соли ахир 40 низомии рус дар Сурия кушта шудаанд. Кишварҳои Ғарб артиши Русияро дар пуштибонӣ аз режими Башор Асад, қатли сокинони осоишта ва истифодаи аслиҳаи мамнуъ дар Сурия, аз ҷумла силоҳи кимиёӣ айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG