Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Патрул бар ивази ГАИ: тағйирот дар назорати ҳаракати роҳ дар Душанбе


Кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ё ГАИ аз кучаҳои шаҳри Душанбе бардошта мешаванд. Ин кор бо дастури Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сурат гирифта, патрулҳо ҷойгузини кормандони БДА дар роҳҳои пойтахт хоҳанд шуд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ рӯзи 4 декабр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ин кор бо ҳадафи аз байн бурдани тамшабавии нақлиёт дар роҳҳои Душанбе гирифта шудааст.

Умарҷони Эмомалӣ афзуд, минбаъд кормандони БДА дар даромадгоҳ ё саршавии кӯчаҳо меистанд. Ба қавли сухангӯи ВКД, “ба хотире, ки дар кӯчаҳои шаҳр тамбашавии нақлиётҳо ба миён наояд, аз ҳамин ҳисоб минбаъд патрулҳо гаштугузор мекунанд. Минбаъд дар даромад ё саршавии кӯчаҳо чунин як постҳо мешаван. Тартиботи воситаҳои нақлиётро дар шаҳр патрулҳо ҳама вақт зери назорат мегиранд.”

Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ афзуд, тартиби мазкур дар навбати аввал дар кучаҳои марказии шаҳри Душанбе аз охири ҳафтаи гузашта ҷорӣ шудааст. Аммо ба қавли Умарҷони Эмомалӣ, патрулҳо ҳам ҳақ доранд нисбати қонунвайронкуниҳо чораҷӯи намоянд.

XS
SM
MD
LG