Пайвандҳои дастрасӣ

Рустами Эмомалӣ аз 11 моҳи кораш ҳисобот медиҳад


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо писараш Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, аз 11 моҳи кораш дар Маҷлиси пойтахт гузориш хоҳад дод. Ҷаласаи навбатии Маҷлиси Душанбе рӯзи 11-уми декабри имсол таъин шудааст.

Мақомоти пойтахт гуфтанд, ки қарор дар ин бора якуми декабр имзо шуд ва Рустами Эмомалӣ дар бораи "натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018" суханронӣ хоҳад кард.

Дар ин ҷаласа, инчунин, тарҳи буҷети пойтахт барои соли 2018 ва лоиҳаи "Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе то соли 2025" баррасӣ хоҳад шуд.

Шаҳрдори Душанбе аз вакилони Маҷлиси пойтахт хостааст, ки то 9-уми декабр бо интихобкунандаҳо мулоқот карда, аз натиҷаи он гузориш ва пешниҳодҳои мушаххасро ироа кунанд.

Рустами Эмомалӣ, писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 12-уми январи имсол раиси шаҳри Душанбе таъин шуда, дар ин мақом Маҳмадсаид Убайдуллоевро иваз кард. Убайдуллоев тайи 19 соли гузашта раҳбарии пойтахтро бар ӯҳда дошт ва ҳоло раиси Маҷлиси Миллӣ – палатаи болоии порлумони Тоҷикистон аст.

Рустами Эмомалӣ аз ин қабл дар чандин вазифаҳои калидии дигар, аз ҷумла раиси Оҷонси мубориза бо фасод ва Хадамоти гумрук кор кардааст. Аз соли 2012 раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG