Пайвандҳои дастрасӣ

Пол Манафорт бо ваcиқаи $11 миллонӣ аз ҳабси хонагӣ озод мешавад


Пол Манафорт

Пол Манафорт, маъракадори пешини президенти ИМА Доналд Трамп дар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳур, бо мушовири парвандаи эҳтимоли созиши намояндагони Трамп бо Русия ба мувофиқа расид, ки бо васиқаи $11,65 миллион аз ҳабси хонагӣ ва назорати электронӣ озод мешавад. Дар ин бора Кевин Даунинг, вакили Манафорт хабар дод.

Ба гуфтаи вакил Манафорт, ки аз моҳи октябр дар баси хонагӣ қарор дошт, дар заминаи ин созиш озод мешавад.

Манафорт барои раҳоӣ аз ҳабси хонагӣ амволи ғайри манқули баробар ба $11,65 миллионро васиқа гузошт.

Сухангӯи Роберт Мюллер, мушовири вежаи қазияи соҳиши эҳтимолии намояндагониТрамп бо Русия, таҳаввулоти ахирро то ҳол шарҳ надодааст.

Пол Манафорт, ки якчанд моҳ раиси ситоди интихоботии Доналд Трамп буд ва коршарики ӯ Ричард Гейтс, 12 банди айбномаро, ки жюрии федеролӣ алайҳи онҳо пеш гузошт, рад карданд ва худро гунаҳкор намедонанд.

Ин ду нафар аз ҷумла ба тавтеа алайҳи ИМА, пулшӯӣ ва сарпечӣ аз сабти ном ба сифати агенти хориҷии президенти пешини Украина муттаҳам шудаанд.

Айбномаи алайҳи Манафорт ва Гейтс як бахши бозҷӯии Роберт Мюллер аст, ки баъди натиҷагирии ҷомеаи истихбороти Амрико роҷеъ ба дахолати Русия ба умури интихобот ба фоидаи Трамп, оғоз шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG