Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон номи кӯчаи Фурмановро ба хиёбони Нурсултон Назарбоев иваз карданд. Ин тасмим рӯзи 30-юми ноябр дар ҷаласаи маҷлиси шаҳрӣ эълон шуд.
Мақомот гуфтанд, ки кӯчаро “бо назардошти пешниҳоди теъдоди зиёди сокинон” ва бахшида ба Рӯзи президенти нахустин, Назарбоев ном гузоштанд.
Ахиран фурудгоҳи шаҳри Остона низ номи Нурсултон Назарбоевро гирифт. Назарбоев 77 сол дорад ва се даҳсола боз ба ин кишвари дорои 18 миллион аҳолӣ раҳбарӣ мекунад. Пештар аз ин, дар Қазоқистон чанд пайкараи Назарбоев низ насб шуда, акси ӯро дар асъори миллӣ нашр карданд.
Агар тасмими ивази номи кӯчаи Фурманов ба хиёбони Назарбоев ба иҷро дарояд, пас он нахустин хиёбони Қазоқистон хоҳад буд, ки номи президентро мегирад.
Номи Назарбоев фаротар аз Қазоқистон низ истифода шуда, кӯчаву хиёбони кишварҳои дигар номи Назарбоев номгузорӣ шуданд. Соли 2015 дар шаҳрҳои Адани Туркия ва Қазони Тотористон кӯчаҳои Назарбоев пайдо шуд. Бино ба иттилои расмӣ, дар Урдун ва Чеченистон ҳам 10 сол пеш хиёбонҳое номи Назарбоевро гирифтаанд.