Пайвандҳои дастрасӣ

Ризо Зарроб алайҳи мақомҳои Эрону Туркия шоҳидӣ дод. ВИДЕО


Ризо Зарроб

Ризо Зарроб, тоҷири турки эрониасл, рӯзи 29-уми ноябр дар додгоҳи Ню-Йорк эътироф кард, ки дар гузашта барои дур задани таҳримҳо ба Эрон кумак намудааст. Ӯ, ки дар мурофиаи тоҷири дигари турк Меҳмет Ҳоқон Атилла шоҳидӣ медод, гуфт, дар ин замина ба мақомҳои Туркия, аз ҷумла вазири иқтисоди он кишвар дар соли 2012 беш аз 50 миллион доллар ришват додааст.

Ба гузориши хабаргузории “Ассошиайтед Пресс”, Ризо Зарроб хитоб ба додрас гуфтааст, дар ҳамкорӣ бо мақомҳои амрикоӣ дар мавриди парвандаи дур задани таҳримҳои Эрон аст. Додситонии Амрико Ризо Зарробро муттаҳам кард, ки дар тӯли солҳои 2010-2015 ба давлат ва ниҳодҳои Эрон кумак намудааст, то садҳо миллион доллар дороиҳои онҳоро барои дур задани таҳрим ҷобаҷо кунад. Дар ин парванда нуҳ нафар муттаҳаманд, аммо ду нафари онҳо – Ризо Зарроб ва Меҳмет Ҳоқон Атилла – дар Амрико дар боздошт ҳастанд.

Аз ин пеш, Ризо Зарроб, тоҷири 34-солаи турки эрониасл, эътироф карда буд, ки таҳримҳои Амрико алайҳи Эронро нодида гирифтааст. Девид Дентон, ёвари додситони Амрико, гуфта буд, Ризо Зарроб рӯзи 29-уми ноябр барои пешниҳоди ҷузъиёти ин қазия ба унвони як шоҳид дар додгоҳ ҳозир мешавад.

Видео: Таъсири шаҳодати Зарроб дар додгоҳи Амрико ба Эрону Туркия

Девид Дентон ин суханҳоро дар ҳоле гуфт, ки додгоҳи Меҳмет Ҳоқон Атилла, шарики Ризо Зарроб дар ин қазия, рӯзи сешанбеи гузашта дар Ню-Йорк оғоз шуд. Ёвари додситони Амрико афзуд, Зарроб инро фош хоҳад сохт, ки бо сарпечӣ ё нодидагирии таҳримҳои Амрико чигуна ба шустушӯи пулҳои нафту гази Эрон даст задааст. Девид Дентон мегӯяд, Ризо Зарроб инро ҳам фош хоҳад кард, ки барои пинҳон намудани ин қазия чигуна ба мақомҳо ришва пардохт шудааст.

Меҳмед Ҳоқон Атилла
Меҳмед Ҳоқон Атилла

Асноди додгоҳ, ки рӯзи сешанбе дар мавриди он гузориш шуд, нишон медиҳад, Ризо Зарроб ба тақаллуби бонкӣ, шустушӯи пул ва иттиҳомоти дигар эътироф кардааст. Дар ин аснод омадааст, ки Зарроб дар соли 2012 бо мақомҳои эронӣ ва турк, бо шумули нафаре, ки он замон раиси Бонки Эрон будааст, дар мавриди интиқоли фоидаҳои гази табиии Эрон ба як бонки туркӣ ва пардохти ришва ба як мудири иҷроии бонк, дидор карда буд.

Муовини додситони Амрико ҳамчунон гуфтааст, Ризо Зарроб ва шарикони вай дар ин қазия аз тарҳҳои дигар истифода кардаанд, то Эронро дар ростои хариди тило ёрӣ диҳанд. Ба гуфтаи вай, ин тило сипас ба Дубай қочоқ шуда, дар муқобили доллари амрикоӣ ва соири асъор ба фурӯш рафтааст. Бар асоси қонуни таҳримҳои Амрико, Эрон аз истифодаи доллари амрикоӣ манъ шудааст.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия

Ризо Зарроб ва бисёре аз ҳашт муттаҳами дигари ин қазия равобити наздик бо ҳукумати Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия доранд. Ҳукумати Туркия ба такрор аз Амрико хостааст, то Ризоро, ки порсол боздошт шуд, раҳо кунад. Муовини нахуствазири Туркия ахиран Ризо Зарробро як «гаравгон» хондааст, ки ба гуфтаи ӯ ҷабран ба шаҳодат додан алайҳи ҳукумати Туркия водор сохта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, як додситони Туркия рӯзи сешанбе дастур дод, то ду шаҳрванди Туркия, ки бар асоси гузориш бо додситони амрикоӣ ҳамкорӣ мекунанд, боздошт шаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG