Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ризо Зарроб ба додгоҳи Ню Йорк наомад


Ризо Зарроб ҳам шаҳрвандии Туркияро дорад ва ҳам шаҳрвандии Эронро.
Ризо Зарроб ҳам шаҳрвандии Туркияро дорад ва ҳам шаҳрвандии Эронро.

Ризо Зарроб, як тоҷири эронӣ, ки ба канор задани таҳримоти Амрико ба зидди Эрон муттаҳам мешавад, ба муҳокимаи рӯзи 16-уми ноябр ба додгоҳ ҳозир нашуд ва тахмин меравад, ки ӯ ба ҳамкорӣ бо додситонҳои амрикоӣ ризоият додааст.

Телевизиони NBC – и Амрико рӯзи 16-уми ноябр гузориш дод, ки Ризо Зарроб, як тоҷири тиллофӯруши сарватманд, ки бо ҳукумати Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, раиси ҷумҳури Туркия иртибот дорад, ризоият додааст, ки дар таҳқиқи қазияи пулшӯӣ бо ширкати мақомоти баландпояи Туркия кӯмак кунад.

Ризо Зарроб шаҳрвандии Эрону Туркияро дорад. Ба гуфтаи NBC, Ризо Зарроб, ки моҳи марти соли 2016 дастгир шуд, ҳоло озод аст ва ӯро дар ҷойи номаълуме нигаҳ медоранд. Қарор буд, Ризо Зарроб ва вакилонаш рӯзи 16-уми ноябр дар мурофиаи қазияи канор задани таҳримоти Амрико бар зидди Эрон дар додгоҳе дар Ню Йорк ҳозир шаванд.

XS
SM
MD
LG