Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА вазири пешини туркро ба нақзи таҳримҳои зиддиэронӣ айбдор кард


Раҷаб Тайиб Эрдуғон
Раҷаб Тайиб Эрдуғон

Додситонии Ийолоти Муттаҳидаи Амрико вазири пешини иқтисоди Туркия ва собиқ раиси бонки "Halkbank" Зафар Чаглаянро дар кӯшиши нақзи таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Эрон муттаҳам кард.

Ба гуфтаи муфаттишон, Чаглаян ният дошт, тавассути бонкҳои амрикоӣ ба ҳукумат ва ниҳодҳои давлатии Эрон аз роҳи ғайриқонунӣ садҳо миллион доллар интиқол диҳад.

Вазири пешини иқтисоди Туркия ҳамчунин дар гирифтани пораи нақдина ва ҷавоҳирот ба маблағи даҳҳо миллион доллар, пулшӯӣ ва тақаллубҳои молӣ айбдор мешавад.

Ин бори аввал аст, ки бар зидди узви пешини ҳукумати Туркия ва яке аз ҷонибдорони наздики президент Раҷаб Эрдуғон чунин иттиҳом эълон мешавад.

Фаъолияти Зафар Чаглаян дар доираи таҳқиқи парвандаи тоҷир ва шаҳрванди эронитабори Туркия Ризо Зарроб ҳоло зери заррабини мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Амрико қарор гирифтааст. Зарроб дар ИМА бо гумони кӯшиши давр задани таҳримҳои зиддиэронӣ боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG