Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни сафари генерали амрикоӣ ба Тоҷикистон


Сафари серӯзаи генерал-майор Терренс Маккенрик, муовини фармондеҳи Фармондеҳии марказии артиши ИМА ба поён расид. Дафтари матбуоти сафорати ИМА дар Душанбе бо нашри иттилоияе гуфт, ки генерали амрикоӣ дар ҷараёни сафари худ бо раҳбарони баландпояи Тоҷикистон ва масъулони сафорати ИМА дидору гуфтугуҳо анҷом дод.

Ба иттилои ин манбаъ, “генерал-майор Терренс Маккенрик дар ҷараёни сафари худ доираи васеи масъалаҳои амниятиро бо мансабдорони воломақоми Тоҷикистон аз Вазорати мудофиа ва Вазорати корҳои дохилӣ баррасӣ намуда ва барои ҳамоҳангсозии минбаъдаи артиши ИМА ва Тоҷикистон изҳори сипос намуд".

Сафорати ИМА навишт, ки дар ин мулоқотҳо генерал-майор Терренс Маккенрик​ аҳамияти ҳамкориҳои ду кишварро таъкид карда гуфтааст, ки "талошҳои муштараки ИМА ва Тоҷикистон асосан ба амнияти сарҳадӣ, мубориза алайҳи терроризм ва қочоқи маводи мухаддир равона карда шудаанд”.

Зимнан ба таъкиди масъулони сафорати ИМА, “Тоҷикистон шарики муҳим дар Стратегияи Осиёи Ҷанубии ИМА мебошад, ки баҳри такмил додани амнияти минтақавӣ, субот ва шукуфоӣ дар саросари минтақа равона шудааст. Ҳамкории ИМА ва Тоҷикистон дастгирии амният ва суботро дар Осиёи Ҷанубию Марказӣ идома хоҳад ёфт ва ҳамзамон ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард”.

XS
SM
MD
LG