Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯҳрат Кибиров барои нашидҳои чечениву арабӣ зиндонӣ шуд


Шӯҳрат Кибиров
Шӯҳрат Кибиров

Додгоҳе дар Қазоқистон сокини шаҳри Алмаато Шуҳрат Кибировро, ки дар Интернет нашидҳои исломӣ нашр кардааст, ба ҷурми барангехтани бадбинии динӣ ва таблиғи терроризм 6 солу 8 моҳ аз озодӣ маҳрум намуд. Ин ҳукми додгоҳ рӯзи 27-уми ноябр эълон шуд.

Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ Ормон Оразбеков аз додрас хоста буд, ки Кибировро 11 сол зиндонӣ карда, муолу мулкашро ба фоидаи давалт мусодира намояд.

Кибирови 32-сола гӯиё соли 2014, ҳангоми дар Русия будан дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" бо номи "Алим Ахметов" саҳифа боз намуда, дар онҷо нашидҳои чечениву арабӣ нашр кардааст.

Худи Шуҳрат Кибиров дар додгоҳ ин айбро рад кард. "Маро ба чӣ айбдор мекунед?" - суол кардааст ӯ дар додгоҳ. Аммо ба гуфтаи вакили дифоъ Галим Нурпеисов, Кибиров ба суоли худ посух нагирифтааст. Нурпеисов гуфт, тасмим доранд, аз болои ҳукми додгоҳ шикоят баранд.

Ба гуфтаи ӯ, ин ҳукми додгоҳ нишон дод, ки дар Қазоқистон бо ҷурми терроризм ва тундгароии динӣ дилхоҳ шаҳрванди оддиро метавонанд зиндонӣ кунанд. Чанд соли охир бар асоси хулосаи коршиносе, ки матни нашидҳоро ташхис мекунад, бисёре аз сокинон зиндонӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG