Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти нави Қирғизистон Отамбоевро "қаҳрамон" эълон кард


Президенти тозаинтихоб Сооронбой Ҷеенбеков ва президенти пешин Алмосбек Отамбоев
Президенти тозаинтихоб Сооронбой Ҷеенбеков ва президенти пешин Алмосбек Отамбоев

Раиси ҷумҳури тозаинтихоби Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ба президенти пешин Алмосбек Отамбоев унвони "қарамони миллӣ"-ро тақдим кард.

Маъмурияти раиси ҷумҳури нав рӯзи 27 ноябр гуфт, ки унвони "Қаҳрамони миллии Қирғизистон" ва медали "Шоҳини сафед ба Отамбоев "барои хизматҳояш дар таҳкими давлати Қирғизистон" тақдим шуд.

Аз рӯи Қонуни асосии Қирғизистон Отамбоев ҳақ надошт барои як даври дигар раиси ҷумҳур интихоб шавад.

Ҷеенбеков, ки рӯзи 24 ноябр ҳамчун раиси ҷумҳур савганд ёд кард ва расман ба фаъолият шурӯъ намуд, аз соли 2016 то соли 2017 дар аҳди Отамбоев нахуствазир буд.

Бинобар маълумоти расмӣ ӯ дар интихоботи 15 октябр бо 54 дар сади райъ, ки зарурати даври дуюми интихоботро аз байн мебурд, пирӯзӣ ба даст овард. Мунақидон мегӯянд, ки дар маъракаи интихоботӣ, президенти пешин барои таъмини пирӯзии Ҷеенбеков аз додгоҳ, нерӯҳои интизомӣ ва фишангҳои дигар истифода кард.

Омурбек Бабанов, рақиби Ҷеенбеков дар сабқати президентӣ, танҳо 34 дар сади райъ гирифт ва ба қонуншиканиҳо дар ҷараёни интихобот ишора кард. Бабанов аз кишвар фирор кард, то бо иттиҳоми барангехтани адовати қавмӣ дар рафти маъракаи интихоботӣ, мавриди таъқиби додгоҳӣ қарор нагирад.

XS
SM
MD
LG