Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, нақшаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи артиш пурра иҷро шудааст. Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 24 ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи маълумоте, ки субҳи имрӯз дарёфт карданд нақшаи даъват пурра иҷро шудааст.
Ба қавли ҷаноби Маҳмадализода, аз миёни минтақаҳои кишвар нахуст шаҳри Душанбе аз иҷро нақшаи даъват хабар дод. Баъдан ба гуфтаи сухангӯи Вазорати дифоъ, вилоятҳои Бадахшон, Суғд, Хатлон ва аз ҳама охир ноҳияҳои тобеи ҷумҳур теъдоди ҷавонони муқарраршударо ба артиш гусел намуданд.
Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмат дар сафи артиши Тоҷикистон тибқи фармони Раисҷумҳур аз 1 октябр шуруъ шуда, то охири ноябр идома мекунад. Дар Тоҷикистон даъват ба хидмат дар артиш соле ду бор - баҳору тирамоҳ сурат мегирад ва дар ҳар даъват аз 15 то 16 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд.
Бино ба иттилои манобеи расмииТоҷикистон, теъдоди афроди синни даъват дар кишвар беш аз 600 ҳазорнафар ҳисоб шудааст, ки 150 ҳазор нафари ин шумор аз хидмати артиш озод ҳастанд.