Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WP: Амрико мехоҳад, низомиёнаш дар Сурия бимонанд


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имкони боқӣ мондани як қисми на он қадар бузурги низомиёни дар шимоли Сурия баррасӣ дорад. Ин низомиён дар ҳоли ҳозир, дар минтақаҳои зери идораи Нирӯҳои демократии Сурия -- эътилофи гуруҳҳои гуногуни курду араб қарор доранд.

Дар ин бора нашрияи The Washington Post рӯзи 22-юми ноябр бо истинод ба як манбаи худ дар маъмурияти Доналд Трамп иттилоъ додааст.

Вазифаи сарбозони амрикоӣ дар Сурия кумак ба ҳампаймонони худ дар ҷангҳо зидди гуруҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” ва кафолат додани амнияти минтақаҳоест, ки аз тарафи мақомоти маҳаллӣ идора мешаванд.

Пештар вазири дифои Амрико Ҷеймс Мэттис гуфт, низомиёни амрикоӣ то замоне ки миёни ҳукумати Башор Асад ва мухолифони ӯ дар робита ба ҳалли сиёсии низоъ созишнома ба имзо нарасад, Сурияро тарк нахоҳанд кард.

Нашрия аз қавли коршиносон навиштааст, ки ИМА ҳамчунин барои пешгирии афзоиши нуфузи Эрон дар Сурия талош хоҳад кард.

Дар ҳоли ҳозир, дар Сурия расман 503 низомии амрикоӣ ҳузур дорад. Онҳо Нирӯҳои демократии Сурияро тамрин медиҳанд.

XS
SM
MD
LG