Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор кӯдакро аз банди Толибон озод карданд


Сарбозони афғон ҳангоми ҷанг бо Толибон дар вилояти Ҳилманд, дар моҳи апрели имсол.
Сарбозони афғон ҳангоми ҷанг бо Толибон дар вилояти Ҳилманд, дар моҳи апрели имсол.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар як амалиёте дар вилояти Ҳилманд 20 нафарро аз дасти Толибон раҳо кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, сарбозони хориҷӣ ва артиш шаби 19-уми ноябр ба зиндоне дар ин вилоят юриш бурданд ва аз ҷумла 4 кӯдаки то 12-сола ва ду афсари пулисро аз банди тундравон озод карданд.

Ба гуфтаи Абдулқодир Баҳодурзай, ин афродро, ки дар зиндоне дар ноҳияи Навзод нигаҳ дошта мешуданд, Толибон барои ҳамкорӣ бо ҳукумат бандӣ кардаанд. Баъзе ҳам хонаводаҳои сарбозон ва ё маъмурони пулис будаанд Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ, сухангӯи Толибон бо нашри баёнияе гуфтааст, ки ин афрод, қотилу дузду ғоратгар будаанд ва ё ҷиноятҳои дигаре кардаанд.

Аз ин пештар нерӯҳои байналмилалӣ ба раҳбарии НАТО дар Афғонистон гуфтанд, ки барои кӯмак ба нерӯҳои миллӣ дар мубориза ба зидди Толибон теъдоди нерӯҳояшонро аз 13 ҳазор нафар то ба 16 ҳазор нафар афзоиш медиҳанд.

XS
SM
MD
LG