Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ҷанҷолӣ ва бозгашти боифтихори Набимуҳаммад Хоркашев. АКС, ВИДЕО


Набимуҳаммад Хоркашев, паҳлавони маъруфи тоҷик, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Сочии Русия бори панҷум медали нуқраро ба даст овард, ба Душанбе баргашт.

Ӯро шоми 16-уми ноябр дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бархе аз намояндагони Кумитаи ҷавонону варзиш, хабарнигорон ва наздикону ҳаводорон, аз ҷумла барандаи медали тиллои мусобиқоти ҷаҳонии самбо дар Сочӣ Беҳрӯз Хоҷазода, пешвоз гирифтанд. Худи Хоҷазодаро дар аввали ҳафта дар фурудгоҳ мухлисону намояндагони Кумитаи ҷавонон варзиш ва хабарнигорон истиқбол гирифта буданд.

Сафари ҷанҷолӣ ва бозгашти боифтихори Набимуҳаммад Хоркашев
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:47 0:00

Набимуҳаммад рӯзи 12-уми ноябр дар мусобиқоти Сочӣ дар намуди самбои варзишӣ (100 кило) пас се пирӯзӣ бар рақибонаш Александр Фисчетти (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), Ҳакимҷон Исмоилов (Узбакистон) ва Клауди Коумен (Камерун) ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале ӯ дар қувваозмоии ҳалкунанда аз паҳлавони Русия Артём Осипенко, қаҳрамони панҷкаратаи ҷаҳон, аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашт ва бо медапли нуқра сарфароз шуд.

Сафари Набимуҳаммад Хоркашев ба Сочӣ ва иштирокаш дар мусобиқоти ҷаҳонии самбо то ҳадде ҷанҷолӣ буд. Ӯ қаблан гуфт, ки бинобар камбуди маблағ натавонистааст дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Русия сафар кунад.

Нашри матлаби “Набимуҳаммад Хоркашев: Наход барои ҳимояти шарафи Тоҷикистон пул наёфтанд?” дар сомонаи Радиои Озодӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ миёни ҳаводорони варзиш вокуниши зиёде ба бор овард. Баъдан, маҳз бо дастгирӣ ва кумаки молии ҳаводоронаш Набимуҳаммад Хоркашев ба ин мусобиқот рафт. Ин дар ҳолест, ки номи Набимуҳаммад Хоркашев дар феҳристи 9-нафарии мунтахаби Тоҷикистон дар вазни беш аз 100 кило ҷой дода шуда буд.

Беҳрӯз Хоҷазода ҳам ба истиқболи Набимуҳаммад омада буд
Беҳрӯз Хоҷазода ҳам ба истиқболи Набимуҳаммад омада буд

Набимуҳаммад Хоркашев дар шарҳи сафар накардани худ дар ҳайати мунтахаби самбои Тоҷикистон ба Сочи гуфта буд, ки сардори раёсати рушди варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва сармураббии дастаи мунтахаби кишвар ба варзишгарон гуфтааст, ҳар касе хоҳиши ширкат дар ин мусобиқаро дорад, бо сармояи худаш ба Сочи биравад. Мақомот то ҳол ин вазъро шарҳ надодаанд.

Набимуҳаммад Хоркашев беш аз даҳ сол аст, ки дар вазни сангинтарин барандаи мақоми аввали мусобиқоти самбо дар кишвар мебошад ва ҳамчунин борҳо дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё пирӯз шудааст.

XS
SM
MD
LG