Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Демократҳо мегӯянд, ки раванди нобоварӣ ба Трамп оғоз шудааст


Доналд Трамп дар Филиппин. 14 ноябри соли 2017
Доналд Трамп дар Филиппин. 14 ноябри соли 2017

Як гуруҳи намояндагони Ҳизби демократ дар Конгресси ИМА мегӯянд, ки раванди изҳори нобоварӣ ба президент Доналд Трамп оғоз шудааст. 6 намояндаи демократ бо раҳбарии сенатор Стивен Коэн рӯзи 15 ноябр санадеро нашр карданд, ки дар он Трамп ба нақзи Қонуни Асосии Амрико айбдор мешавад.

Муаллифони ибтикор барканории сардори Бюрои федеролии тафтишот Ҷеймс Комӣ, фишор ба додрасҳо ва мақомоти додгоҳиро намуна овардаанд. Онҳо ҳамчунин Трампро ба саркашӣ аз нашри эъломияҳои молиёташ айбдор мекунанд. Муроҷиати конгрессменҳо дар ин бобат ба Палатаи намояндагони ИМА пешниҳод шудааст.

Конститутсияи ИМА пеш аз муҳлат қатъ шудани салоҳиятҳои президентро пешбинӣ мекунад. Барои ин раъйи бештари аъзои Палатаи намояндагон ва дастгирии аз се ду ҳиссаи аъзои Сенат зарур аст.

Моҳи июли соли равон низ ба Конгресс пешниҳод шуда буд, ки масъалаи изҳори нобоварӣ ба Трампро баррасӣ кунад. Вале он замон конгрессменҳо аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ накарданд. Дар пайи ин, демократҳо ҳамчун чораи алтернативӣ ташкили як комисияи махсусро дар миён гузоштанд. Ин комиссия бояд муаян кунад, ки дар ҷараёни интихоботи соли 2016 оё дар байни тими Трамп ва Кремл созише буд, ё не.

XS
SM
MD
LG