Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макрон: Аврупо набояд Путин ва Трампро аз худ дур кунад


Владимир Путин ва Эммануэл Макрон
Владимир Путин ва Эммануэл Макрон

Раиси ҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон гуфт, ки Иттиҳоди Аврпуо набояд лидерони мисли Владимир Путин ва Доналд Трамро аз худ дур кунад, ҳатто агар, ба гуфтаи Макрон, сиёсати онҳо на ҳамеша ба арзишҳои аврпуоӣ мевофиқат мекунад.

"Агар шумо онҳоро аз Аврупо дур мекунед, шумо онҳоро аз даст медиҳед",- гуфта Макрон дар сӯҳбат бо Би-Би-Си. Макрон дар робита ба президенти Русия гуфт, ки ба назари ӯ, амалкардҳои Путин бар пояи "паранойя", эҳсоси хатар ва зарурати эмин мондан аз он, пиёда мешаванд. Раҳбари Фаронса гуфт, ки аз лиҳози таърихӣ Русия ҳамеша бо Аврпуо робита дошт. Ӯ бори дигар ба муколама даъват кард ва изҳори умед намуд, ки фаъолияти лидерҳое мисли Путин ва Трамп бо гузашти замон таъғир меёбад.

Раиси ҷумҳури Фаронса, ки ҳудудан ним сол пеш ба қудрат расид, бори дигар гуфт, ки ба ислоҳоти Иттиҳод талош хоҳад кард. Ӯ гуфт, Аврпуо ба идеяи муштарак, ё "ривояти бузург"- и муттаҳидкунанда зарурат дорад, на танҳо садоқат ба бозори муштарак ва сиёсати молӣ.

XS
SM
MD
LG