Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар пайи суқути ҳавопаймои Русия танҳо як духтари чорсола зинда монд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Русия мегӯянд, духтараки чорсола, ягона мусофири наҷотёфтаи ҳавопаймоест, ки рӯзи 15 ноябр дар Шарқи Дур суқут кард.

Маъмурияти вилояти Хабаровск мегӯяд, ки шаш нафари дигар, чаҳор мусофир ва ду сарнишин дар ин ҳодиса ҳалок шуданд.

Кӯдак ҷароҳатҳои барои ҳаёташ хатарнок надорад.

Вячеслав Шпорт, волии минтақа мегӯяд, ки волидони ин кӯдак дар ҳавопаймо набуданд ва ӯ бо раҳбаладии муаллимаш ба дидорбинии модарбузургаш мерафт.

Ба гуфтаи мақомот ҳавопаймо ҳангоми нишастан дар як фурӯдгоҳи хурд, дар наздикии шаҳри Нелкан - 1000 километрии шимоли Хабаровск суқут кард.

Ҳавопаймои думуҳарикии сохти ҷумҳурии Чех L-410 Turbolet ба ширкати ҳавоии Хабаровск эйрлайнс таалуқ дошт ва пайваста дар ин масир пайрвоз мекард.

Таҳқиқи ҳодиса шурӯъ шудааст. Мақомоти минтақавӣ 16 ноябрро рӯзи мотам эълон карданд.

XS
SM
MD
LG