Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳиби рус бо ҷурми тиҷорати фаҳшо равонаи зиндон шуд


Мурофиаи роҳиби рус - падар Николай дар Беларус. 14-уми ноябри соли 2017

Додгоҳи Витебски Беларус рӯзи 14-уми ноябр роҳиби калисои ортодокси Русия - Николай Киреев ё падар Николайро бо ҷурми талоши тиҷорати фаҳшо ва қочоқи инсон барои панҷуним сол равонаи зиндон кард. Як духтари 19-сола аз Тоҷикистон, ки дар содир кардани ин ҷурм бо падар Николай ҳамдаст будааст, моҳи август ба муддати 5 сол зиндонӣ шуд.

Роҳиби 39-сола моҳи август ҳангоми талоши ба Русия бурдани ду зани беларусӣ ва истифодаи онҳо дар танфурӯшӣ боздошт шуд.

Ба гуфтаи тафтишот, роҳиби рус занҳоро аз тариқи мукотибаи интернетӣ "киро" карда буд. Баъди ба даст овардани ризояти ин ду зан, ки яке 25 ва дигаре 29 сол дорад, Николай Киреев шарики худ, духтари 19-сола аз Тоҷикистонро ба Гомел фиристод, то занҳоро ба "макони корашон" дар Русия интиқол диҳад.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Беларус шаҳрванди Тоҷикистонро дафъатан боздошт карданд ва ба дунбол пулис Киреевро низ таҳти боздошт қарор дод.

Муфаттишон таҳо баъд аз боздошт фаҳмиданд, ки Николай Киреев -падар Николай, роҳиби калисо аст.

Видеоҳои охирин

Селзадаҳои Панҷ: Ҳудуди 30 манзил осеб дид
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:15 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG