Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп ва Дутерте дар Манила мулоқот карданд


Мулоқоти раисони ҷумҳури Амрико ва Филиппин -
Доналд Трамп ва Родриго Дутерте. 13 ноябри соли 2017
Мулоқоти раисони ҷумҳури Амрико ва Филиппин - Доналд Трамп ва Родриго Дутерте. 13 ноябри соли 2017

Раиси ҷумҳури ИМА Доналд Трамп ва Родриго Дутерте, раиси ҷумҳури Филиппин, дар дидорбинии Манила "вазъи ҳуқуқи башарро ба таври "кӯтоҳ" баррасӣ карданд. Дар ин бора Сара Сандерс, сухангӯи Кохи Сафед гузориш дод. Аммо намояндаи Дутрете гуфт, ки дар мулоқоти раисони ҷумҳур масъалаи ҳуқуқи инсон аслан матраҳ нашуд.

Хабаргузории Reuters Мавзӯҳои дигари ин мулоқот аз мубориза бо терроризм, ва рушди равобити тиҷоратӣ иборат буд.

Родриго Дутерте ба қатли бидуни таҳқиқу маҳкамаи гумонбарони қочоқи маводи мухаддир муттаҳам мешавад. Гуфта мешавад, ки сар аз соли гузашта дар ҷараёни рейдҳо наздики 400 нафар кушта шуд. Reuters рӯзи 13 ноябр гуфт, ки ҳомиёни ҳуқуқи инсон аз Трамп хостанд дар мулоқот бо Дутерте масъалаи нақзи ҳукқуқи инсро ба тавре возеҳ таъкид кунад. Трамп гуфт, ки ӯ бо раиси ҷумҳури Филиппин равобити фавқулодда дорад.

Рӯзи гузашта Родриго Дутерте дар пазироии расмӣ барои Трамп тарона сароид ва гуфт, ки инро бо амри сарфармондеҳи нерӯҳои ИМА анҷом дод.

Трамп барои ширкат дар саммити давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба Филиппин рафт. Садҳо нафар дар Манила алайҳи сафари Трамп ба ин кишвар эътироз карданд. Филиппин - охирин кишвар дар силсилаи сафарҳои Трамп ба Осиё аст. Ӯ қаблан аз Ҷопон, Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва Ветнам боздид ба амал овард.

XS
SM
MD
LG