Як мақоми пулис гуфт, ки дар пайи ҳамлаи Толибон ба вилояти ғарбии Фараҳ, ҳашт корманди пулис кушта шуд.
Муҳаммад Носир Меҳрӣ, сухангӯи волии вилотят гуфт, ки ҷангиён субҳи 13 ноябр дар постгоҳи наздики маркази маъмурии вилоят ба пулис ҳамла карданд.
Меҳрӣ гуфт, ки постгоҳи амниятӣ муддати кӯтоҳ таҳти назорати Толибон буд, аммо баъди интиқоли нерӯи иловагӣ ба ин мавзеъ, сарбозони давлатӣ онро бозпас гирифтанд.
Ба гуфтаи сухангӯ, як афсари пулис, ки дар ин ҳамла захми сабук бардошт, баъдан бо гумони робитааш бо Толибон боздошт шуд.
Масъулияти ин ҳамларо то ҳол ҳеҷ гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.
Аммо, охири моҳи октябр, дар як ҳамла ба постгоҳи амниятии вилояти Фараҳ, 9 сарбози артиши Афғонистон ба ҳалокат расид. Масъулияти ин ҳуҷумро гурӯҳи мусаллаҳи Толбион бар дӯш гирифт.