Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсияҳои Раҳмон ба Рустами Эмомалӣ ва раҳбарони дигар дар Душанбе


Раҳмон ҳангоми боздид аз Боғи Миллии Тоҷикистон.
Раҳмон ҳангоми боздид аз Боғи Миллии Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ошноӣ бо вазъи Боғи миллии Тоҷикистон дар канори шаҳри Душанбе ба ин боғ рафтааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 12-уми ноябр хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмонро мақомоти расмӣ ва аз Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ҳамроҳӣ мекард.

Ба гуфтаи дафтари матбуот, раиси ҷумҳур “бо нашъунамои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан дар “Боғи миллии Тоҷикистон” шинос шуд” ва ба раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт тавсия дод, ки барои "ба шаҳри гулҳо табдил додани пойтахт васеъ аз дарахтони дар ин боғ истифода баранд."

Муассисаи давлатии “Боғи миллии Тоҷикистон” соли 2006 - ум дар заминаи собиқ Боғи ботаникии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, ки соли 1937 таъсис ёфтааст, ташкил карда шуд.

Масоҳати умумии боғ наздики 92 гектарро ташкил медиҳад. Дар майдони 63 гектар боғи дарахтони себ, ангур, бодом, анҷир, нок, гелос, олу, шафтолу, хурмо, себи биҳӣ, чормағз, зардолу ва писта мавҷуд аст. Дар масоҳати 9,48 гектар ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ парвариш карда мешавад.

XS
SM
MD
LG