Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ва Трамп гуфтанд, ки зидди ДИИШ якҷо меҷанганд


Владимир Путин ва Доналд Трамп
Владимир Путин ва Доналд Трамп

Раҳбарони Амрикову Русия ба мувофиқа расидаанд, ки ба муборизаи якҷоя алайҳи гуруҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия идома хоҳанд дод. То замоне ки, ба гуфтаи онҳо, ин созмони террористӣ аз байн наравад. Мақомоти Кремлин рӯзи 11-уми ноябр гуфтанд, Владимир Путин ва Доналд Трамп дар ин бора дар ҳошияи Форуми Ҳамкориҳои Иқтисодии Осиё ва Уқёнусия дар Ветнам эъломияи муштаракро тасвиб карданд. Ба қавли Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин, эъломия барои мулоқоти ду раиси ҷумҳур дар ҳошияи нишасти Дананги Ветнам таҳия шуда буд.

Раиси ҷумҳури Русия ҳамагуна мудохилаи кишвараш дар интихоботи Амрикоро рад кардааст.

Худи Владимир Путин дар поёни нишасти матбуотӣ дар Дананги Ветнам гуфт, баёнияе, ки дар саҳифаи интернетии Кремлин нашр шуд, фавқулода муҳим аст. Ӯ гуфт, ки дар баёнияи муштарак усул ва муқаррароти мубориза бо терроризм таъйид шудааст. "Имрӯз, ҳамин ҳоло, бо раиси ҷумҳури Амрико ин санадро тасвиб намудем", - афзуд ӯ.

Дар ин эъломия ду раҳбар бар тааҳҳуди худ дар мавриди тамомияти арзӣ, истиқлол ва озодии Сурия низ таъкид карда, хостори як роҳи ҳалли сиёсӣ барои буҳрони ин кишвар шудаанд. Дар буҳрони шашсолаи Сурия, Маскав аз режими Башор Асад ҳимоят мекунад. Дар ҳоле ки Амрико аз гуруҳи мухолифини режим ҳимоят намуда, хоҳони барканории Башор Асад аз қудрат аст.

Раисони ҷумҳури Амрико ва Русия дар ҷараёни рафтан барои аксгирии дастҷамъӣ низ бо якдигар кӯтоҳ суҳбат карданд. Навори видеоӣ аз Дананги Ветнам нишон медиҳад, ки Доналд Трамп ва Владимир Путин паҳлӯи якдигар роҳ мераванд. Аз он пештар гуфта шуда буд, ки раҳбарони Амрикову Русия рӯзи 10-уми ноябр дар ҳошияи нишасти Ветнам ба якдигар даст дода, ҳолпурсӣ намуданд.

Доналд Трамп ва Владимир Путин
Доналд Трамп ва Владимир Путин

Чанд соат қабл аз онки Доналд Трамп ва Владимир Путин бо ҳам даст дода, аҳволпурсӣ кунанд, Кохи Сафед гуфта буд, кадом мулоқоти расмӣ барномарезӣ нашудааст. Сара Сандерс, сухангӯи Кохи Сафед, пеш аз нишасти ҳавопаймои ҳомили раиси ҷумҳури Амрико дар шаҳри Дананги Ветнам ба хабарнигорон гуфт, раҳбарони ИМА ва Русия мумкин аст як мулоқоти камтар расмӣ дар Ветнам ва баъдан дар Филиппин дошта бошанд. Қарор аст, Трамп ва Путин дар Филиппин дар як нишасти дигари минтақаӣ иштирок кунанд.

Доналд Трамп дар моҳи январи имсол корро ба унвони раиси ҷумҳури Амрико оғоз кард. Трамп аз он замон ба баъд як бор бо Путин рӯбарӯ суҳбат кардааст. Онҳо моҳи июли имсол дар ҳошияи иҷлоси сарони кишварҳои Ҷӣ-20 дар Олмон дидор карда, буданд.

Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи якшанбеи гузашта гуфта буд, ки интизор дорад, дар ҷараёни сафари осиёии худ бо Владимир Путин мулоқот кунад. Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин, се рӯзи қабл гуфта буд, эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки ин ду раиси ҷумҳур бо ҳам мулоқот кунанд. Песков рӯзи 10-уми ноябр гуфт, талошҳо дар ростои танзими як мулоқот дар ҳошиияи иҷлоси Ҳамкориҳои иқтисодии Осиё идома дорад.

Равобити Амрикову Русия бар сари бархе масоил, аз ҷумла иқдоми низомии Маскав дар Украина ва иддаои дахолати Русия дар интихоботи соли гузаштаи президентии Амрико шадидан муташанниҷ шуд. Раиси ҷумҳури Русия ҳамагуна мудохилаи кишвараш дар интихоботи Амрикоро рад кардааст.

Доналд Трамп ҳафтаи гузашта сафари дувоздаҳрӯзаш ба чанд кишвари Осиёро шуруъ кард. Ӯ то кунун аз Чину Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ ва Ветнам дидан кардааст. Қарор аст, ӯ ба Филиппин ва, инчунин, Ҳинду Покистон биравад.

XS
SM
MD
LG