Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзад ба Сенати ИМА ба дастдарозии ҷинсӣ айбдор шуд


 "MeToo" - намоди маъракаи мубориза бо дастдарозии ҷинсӣ
"MeToo" - намоди маъракаи мубориза бо дастдарозии ҷинсӣ

Якчанд зан дар Амрико Рой Мур- номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар интихоботи Сенат, аз аёлати Алабамаро ба дастдарозии ҷинсӣ дар гузашта муттаҳам карданд. Нашрияи The Washington Post рӯзи 9 ноябр бо такя ба баъзе қурбониҳои дастдарозӣ навишт, ки сухан аз боби духтарони ноболиғ аст, ки соли 1970 аз 14 то 18-сола буданд ва худи Мур он замон 30 сол дошт.

Рой Мур, додгустари пешин, ки ҳоло 70-сола аст, иттиҳомро қотеона рад кард ва онро фитнаи пешазинтихоботӣ номид. Аммо як идда сенаторҳои ҷумҳурихоҳ гуфтанд, ки дар сурати воқеӣ будани иддаҳои занҳо, Мур бояд номзадиашро бозпас бигирад. Интихобот рӯзи 12 декабр баргузор мешавад. Президенти ИМА Доналд Трамп низ дар ҳамин мавқеъ аст.

Рӯзи панҷшанбе ҳамчунин дар бораи дастдарозии ҷинсии танзгӯи машҳури амрикоӣ Луи Си Кей низ хабар пахш шуд. Дастикам се зан иддао карданд, ки Кей дар ҳузури онҳо бахалоқии ҷинсӣ кардааст.

Ҳафтаҳои ахир дар ИМА ҷанолҳои калони марбут ба иттиҳоми дастдарозии шаҳвонӣ, аз ҷумла ба ноболиғон, авҷ гирифт. Даъвои аз ҳаму бузург ба обрӯи ду чераи машҳури Ҳолливуд - Кевин Спейсӣ ва Ҳарвӣ Вайнштейн зарба зад.

XS
SM
MD
LG