Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: Трамп мехост бо Путин мулоқот кунад, инро аз амрикоиҳо пурсед


Сергей Лавров
Сергей Лавров

Cергей Лавров – вазири умури хориҷии Русия – ба суоли инки оё дар ҳошияи нишасти Ҳамкориҳои кишварҳои Осиё дар Ветнам мулоқоти Владимир Путин бо Доналд Трамп доир хоҳад шуд, ё не, посухи мустақим надод. Дар як барномаи шабакаи “Россия-24” Лавров тавсия дод, ки дар бораи мулоқоти эҳтимолӣ, беҳтар аст, ба амрикоиҳо муроҷиат шавад.

Ӯ рӯзи 10-уми ноябр гуфт, “гуш кунед, чаро ба ман муроҷиат мекунед? Аз амрикоиҳо пурсед. Чунки мо дар ин мавзуъ тамоман гап назадем. Мо шунидем, ки президенти Амрико Доналд Трамп хостори вохӯрӣ бо президенти Русия Вламир Путин шудааст. Инро худи Трамп баён доштааст. Барои ҳамин, ба амрикоиҳо муроҷиат кунед.”

Доналд Трамап ва Владимир Путин аллакай дар Дананг, макони баргузории самити Ҳмкориҳои кишварҳои Осиё дар Ветнам қарор доранд. Рӯзноманигорони рус мегӯянд, Трамп ба ҷаласае, ки бо ширкати раҳбари Русия доир гашт, наомад.

Доналд Трамп, чанд рӯз қабл аз баргузории самит дар бораи мулоқоти эҳтимолияш бо Путин дар Ветнам ҳарф зад буд. Аммо сухангӯи ӯ Сара Сандерс таъкид кард, ки ба ҳамоҳанг намудани ин мулоқот имкон нашудааст. Дар ҳамин ҳол, Сандерс гуфтугӯи Трампро бо Путин истисно надонист, зеро ба таъкиди ӯ, раҳбарони Амрикову Русия “дар як вақт ва дар як макон” хоҳанд буд.

Сухангӯи Путин Дмитрий Песков низ аз ин пештар бо итминон гуфта буд, ки раҳбарони ду кишвар метавонанд дар ҳошияи самит “дар ин ё он шакл” мулоқот кунанд.

XS
SM
MD
LG