Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узви ҳизби ҳокими Қирғизистон аз Амрико дархости паноҳандагӣ кард


Ренат Самудинов
Ренат Самудинов

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон гуфт, ки узви пешини ҳизби ҳокими Сотсиал Демократ, ки моҳи август аз ҳизб ронда шуд, аз Амрико паноҳгоҳи сиёсӣ хостааст.

Вазорат рӯзи 9 ноябр гуфт, сафорати Қирғизистон дар Вашингтонро огоҳ карданд, ки Ренат Самудинов ва ҳамсари ӯ Элнура Молдоқодирова рӯзи 18 октябр бе доштани санадҳои зарурӣ ба ИМА ворид шуданд ва Хадамоти гумуркии ин кишвар онҳоро боздошт кард.

Ба гуфтаи вазорат, ин ҷуфт аз мақомоти Амрико паноҳандагии сиёсӣ дархост карданд ва ҳоло боздоштгоҳи Хадамоти муҳоҷират қарор доранд.

Самудинов ва мақомоти Амрико ин хабарро то ҳол шарҳ надодаанд.

Ренат Самудинов - раҳбари бахши ҷавонони ҳизби ҳокими Сотсиал- Демокат, ба гуфтаи мақомоти ҳизб, моҳи август барои нақзи оиннома ва тартиботи ҳизбӣ, аз ин ташаккули ҳоким хориҷ шуд. Мақомоти ҳизб дар ин робита ҷузъиёти зиёд надоданд.

Баъди ронда шудан, Самудинов ҳизбро ба "хиёнат ба арзишҳои демократӣ ва хизмат ба сарватмандон" муттаҳам кард.

Молдоқодирова, хабарнигори шабакаи телевизионии OTRK низ моҳи август аз кор сабукдӯш шуд. Ӯ иддао кард, ки ронда шуданаш аз телевизион ҷамбаи сиёсӣ дорад. OTRK ин иддаоро рад мекунад.

Презденти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ва раиси ҷумҳури мунтахаб Сооронбой Ҷеенбеков, ки 24 ноябр ба иҷрои вазифааш оғоз мекунад - ҳарду узви ҳизби ҳокими Сотсиал-Демократ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG