Пайвандҳои дастрасӣ

Дар 9 моҳ дар Душанбе 769 тӯйҳои хайриявӣ доир шудааст


Дар тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ дар пойтахти Тоҷикистон 6956 маърака, аз ҷумла 769 тӯйҳои хайриявии арӯсиву домодӣ ва хатнасури кӯдакон доир шудааст. Дар ин бора дар ҳамоиши "Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ба ибтикори шаҳрдории пойтахти кишвар баргузор шуд, таъкид шудааст.

Гуфта шудааст, ки дар зарфи 10 соли амали қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» танҳо дар шаҳри Душанбе 91803 маъракаҳои гуногун гузаронида шудаанд, ки 6221-тоӣ онҳоро тӯйҳои хайриявии арӯсиву домодӣ ва хатнасури кӯдакон ташкил медиҳанд.

Манбаъ афзудааст, ки “имрӯз тадриҷан ҷомеа дарк менамояд, ки тӯй ва маърака воситаи гирифтани обрӯву эътибори оилаву авлод набуда, балкӣ оғози як марҳалаи муҳими зиндагист, ки дар дунболи он зиндагии тӯлонии ду нафар меистад. Хушбахтии онҳо муҳимтар ва муқаддамтар аз ҳар чизи дигар аст”.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG