Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои Сурия ба охирин истеҳкоми ДИИШ-ро ишғол карданд


Нерӯҳои Сурия ҳангоми набард бо ДИИШ дар минтақаи Дайр аз-Зур. 2 ноябри соли 2017

Нерӯҳои Сурия ва шибҳанизомиёни тарафдори онҳо гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ"-ро дар шаҳри Албу Камол- охирин истеҳкоми ДИИШ саркуб карданд ва шаҳрро бозпас гирфтанд. ро шикаст доданд ва бозпас гирифтанд. Ҳоло нерӯҳо бо ҷангиёни боқимондаи ин гурӯҳи тундрав дар биёбони шарқии кишвар вориди набард шудаанд. Дар ин бора фармондеҳии умумии артиши Сурия рӯзи 9 ноябр хабар дод.

"Озодшавии шаҳри Албу Камол бисёр муҳим аст, зеро аз суқути умумии тарҳи террористии созмони ДИИШ дар минтақа аломат медиҳад,- омадааст дар изҳороти фармондеҳӣ, ки дар робита ба ДИИШ номи навро ба кор бурд.

Бо суқути Албу Камол, ДИИШ дар хоки Сурияву Ироқ дигар қаламрави қобили мулоҳиза надорад ва гуфта мешавад, ки ҷангиёни боқимондааш дар биёбонҳои қисмати шимол ва шарқи рудхонаи Фурот пароканда шудаанд.

Биноба ҳисобҳои мақомоти ИМА, аз 2,500 то 3,500 ҷангии ДИИШ дар атрофи шаҳр боқӣ мондааст. Гуфта мешавад, ки саркардаҳои гурӯҳ низ ба ҳамин шаҳр паноҳ бурда буданд.

Гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати Исломӣ" моҳҳои ахир бахши умдаи қаламравҳоеро, ки аз соли 2014 дар Сурияву Ироқ ишғол карда буд, аз даст дод ва Албу Камол охирин истеҳкоми ДИИШ дар манотиқи шаҳрӣ номбар мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG