Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия гуфт, гузориш дар бораи Сурия "пур аз хатост"


Владимир Сафронков ва Никки Ҳалли, сафири Амрико дар Созмони Милал
Владимир Сафронков ва Никки Ҳалли, сафири Амрико дар Созмони Милал

Русия гузориши Созмони Милал дар бораи ҳамлаи кимиёвӣ дар Сурияро пур аз хатон номид ва рад кард. Ҳоло маълум нест, ки маъмурияти гурӯҳи таҳқиқотӣ барои идомаи тафтиш, ки ҳафтаи оянда ба поён мерасад, тамдид мешавад, ё не.

Русия рӯзи 24-уми октябр дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал пешниҳоди Амрикоро рад кард, ки мехоҳад, гурӯҳи муштараки Созмони Милал ва Созмони Манъи Истифодаи Аслиҳаи Кимиёвӣ ба кораш идома бидиҳад.

Владимир Сафронков, муовини сафири Амрико дар Созмони Милал рӯзи 7-уми ноябр дар нишасти Шӯрои Амният гуфт, ки бе тағйири куллӣ дар кори гурӯҳ, он ба “як абзори баробар кардани ҳисоб бо мақомоти Сурия” табдил меёбад. Ӯ гуфт, гузориши гурӯҳ пур аз “хато ва мушкилоти зиёд” аст.

Дар ин гузориш омадааст, ки ҳамлаи кимиёвӣ ба шаҳри Хон Шайхун, ки даҳҳо нафарро кушт, кори дасти нерӯҳои ҳавоии Сурия будааст. Амрикову ҳампаймонҳояш гуфтанд, ки ин хулосаи дуруст аст ва таҳқиқ бояд идома ёбад. Ҷонатан Аллен сафири Бритониё дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал гуфт, ки Русия мехоҳад ба ин васила “ҷиноятҳои режими Сурияро” пинҳон кунад.

XS
SM
MD
LG